Дар ҳошияи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор дидору гуфтушунидҳо анҷом дод, ки дар онҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъда байни кишварҳо, аз ҷумла маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва ҷалби сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ бо Директори генералии Фонди кувайтии рушд Валид Ал-Баҳар тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди кувайтии рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард, иншооти бахши энергетика ва обёрӣ маври баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти Тоҷикистон дар робита ба ин ба роҳбарияти Давлати Кувайт барои иқдоми ҷудо намудани 100 млн доллар барои татбиқи лоиҳаи неругоҳи “Роғун” арзи сипос кард.
Ҷалби васеи Фонд ба маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо, аз ҷумла дар бахшҳои тандурустӣ ва маориф мувофиқи мақсад дониста шуд.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков дидору гуфтушунид карда, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории самарабахши Тоҷикистон бо Дафтари зиддитеррористии СММ, ҳамчунин ҷараёни кори конфронси зикргардида баррасӣ шуд.
Ба афзоиши таҳдиду хатарҳо ба амну субот, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзии вобаста ба ин зуҳурот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои мазкур изҳор доштанд.
Ғайр аз ин, Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Қасри ас-Салом, ки дар минтақаи Шувайхи шаҳри Ал-Кувайт воқеъ гардидааст, боздид намуд. Ба меҳмони олимақом дар хусуси таърихи бунёди ин иншооти фарҳангиву таърихӣ маълумот дода шуд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар кори Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм, инчунин як қатор дигар чорабиниҳои муҳим ширкат варзид.