Дар пайи тармафароӣ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як нафар ҷон бохта, ду нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳодиса соати 9-и субҳи 20-уми ноябр, дар деҳаи Пшихарви ин ноҳия рух додааст.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки марди ҳалокшуда 55 сол доштааст, аммо ҳуввияти ӯ ошкор нашудааст.
Кормандони КҲФ ҷасади марди ҷонбохтаро ҳоло ҷустуҷӯ доранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ аз ду нафари дигари зери тармамонда Диловар Умаров ва Алишер Ҷумъаев ном бурда, таъкид кардааст, ки онҳо тавонистаанд ҷон ба саломат баранд.
Алишер Ҷумъаев бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудааст.
Ба гуфтаи КҲФ ҳамаи сокинони зери тарма монда барои ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ рафта будаанд.
Бояд гуфт, рӯзҳои охир дар минтақаҳои кӯҳии кишвар барфу борони зиёд борид. Дар пайи ин, КҲФ ба сокинон ҳушдор медиҳад, ки барои эмин мондан аз хатари тарма аз рафтан ба кӯҳҳо ва ҷойҳои хатарнок худдорӣ кунанд.
Ҳамасола дар фаслҳои зимистону баҳор дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон дар пайи фаромадани тарма сокинон зарар мебинанд ва гоҳе ҳам ба ҳалокат мерасанд.
Яке аз серқурбонитарин ҳодисаи тармафароӣ моҳи феврали соли 2023 дар ВМКБ сабт шуд, ки дар пайи он 18 нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.
Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи “Манас” Содир Жапаров истиқбол гирифт
Манбаъ: Пагоҳ сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз мешавад
Маблағгузории БАТР ва БОР ба корҳои таъмиру навсозии роҳи Данғара - Гулистон
Баъди даъвати Эмомалӣ Раҳмон. Эрониён дар Иди Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
“Моҳӣ барои рафиқ Черчилл”. Дар Тоҷикистон дар бораи қаҳрамонии тоҷикон дар ҶБВ филм ба навор гирифтанд
Мақомот ба муҳоҷирон ҳушдор доданд, ки бори нафарони ношиносро набаранд
“Рӯйхати сиёҳ”. Вазири Русия гуфт, 685 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ шомили онанд
Нархи Ҳаҷ–2025 маълум шуд. Зоирони тоҷик кай ба Арабистони Саудӣ мераванд?
Тоҷикистону Чин ният доранд, ки байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ боз кунанд
Дар арафаи ҷашни Наврӯз чанд мусобиқаи байналмилалии варзишӣ баргузор мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста