Мақомоти гумруки Ӯзбекистон бо сабабҳои ҳоло номаълум аз 5-6 ноябри соли равон барои анҷоми расмиёти гумрукии ҳар як тонна семент аз Тоҷикистон 300 доллар талаб мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳи машғул ба интиқоли ин маҳсулот хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, то ин дам ин маблағ 35 долларро ташкил медод.
Ӯ бар ин назар аст, ки боло бурдани маблағи пардохтҳои гумрукӣ бо маслиҳати корхонаҳои истеҳсоли сементи Ӯзбекистон сурат гирифтааст.
“Тибқи маълумоти расида, рӯзи 16 октябр дар Самарқанд бо иштироки намояндагони баъзе корхонаҳои истеҳсоли семент, ки сармоягузоронашон асосан шаҳрвандони Чин мебошанд, маҷлис баргузор шудааст. Дар маҷлис масоили марбут ба рушди соҳаи истеҳсоли семент дар Ӯзбекистон, нархгузорӣ ба ин масолеҳи сохтмон, инчунин созиш (маслиҳат) байни истеҳсолкунандагони семент дар ин кишвар баррасӣ шудааст”, - гуфт ҳамсуҳбати “Азия-Плюс”.
Ӯ зикр кард, ки Тоҷикистон интиқолдиҳандаи асосии семент ба Ӯзбекистон аст. Талаботи солонаи воридоти семент ба ин кишвар 2,2 млн тонна арзёбӣ мешавад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон Тоҷикистон ба маблағи умумии 21 млн доллар ҳудуди 532 ҳазор тонна семент содир кардааст, ки 250 ҳазор тонна (7,8 млн доллар) камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Зиёда аз 300 ҳазор тонна (57% аз ҳаҷми умумӣ) семент ба Афғонистон ва беш аз 230 ҳазор тонна (43%) - ба Ӯзбекистон интиқол дода шудааст.
Манбаъ таъкид дошт, ки айни замон дар қаламрави Ӯзбекистон 30 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият дошта, сохтмон ва таъмиру навсозии чандин иқтидори дигар идома дорад, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани онҳо, манъи воридоти ин маҳсулот аз эҳтимол дур нест.
Ёдрас мекунем, ки соли 2020 низ ҳукумати Ӯзбекистон бо қарори худ воридоти сементро аз 1 май то охири ҳамон сол боздошта буд. Аммо баъди се ҳафта бо қарори дигари худ аз 23 май ин маҳдудиятро бекор кард.
Қобили зикр аст, ки семент яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Тоҷикистон аз соли 2018 аз рӯи ҳаҷми гардиши моли хориҷии Ӯзбекистон дар мақоми 5-ум қарор дорад. Интиқоли молу маҳсулоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон тайи 6 соли ахир аз 132 млн доллар дар соли 2018 то ба 353,4 млн доллар дар соли 2023 зиёд шудааст.





Муҳоҷирати меҳнатии бехатар. Чӣ гуна метавон аз доми фиреби қаллобон эмин буд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 декабри соли 2025
Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста