Байни Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) ба маблағи 86,6 млн доллар барои амалисозии «Лоиҳаи намоишии Долони Сабз» созишномаи грантӣ ба имзо расид.
Тавре ки Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад, Созишномаи мазкурро вазири молияи Тоҷикистон – Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи Бонки осиёии рушд – хонум Родора Консепсион имзо карданд.
Гуфта мешавад, маблағ пурра аз ҳисоби бонк дар шакли грант ҷудо мегардад. Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳои автомобилгард дар ҷумҳурӣ мебошад.
Дар доираи лоиҳа сохтмон ва азнавсозии 49 км роҳи автомобилгарди Данғара – Гулистон ва васеънамоии он ба 4 хат бо дарбаргирии элементи «Роҳи сабз», сохтмони 48,8 км роҳи велосипедронӣ дар назар аст.
Ҳамчунин 2 нуқтаи барқдиҳии автомобилҳои электронӣ сохта шуда, барои соҳибкорзанони минтақаи зерҳадафи лоиҳа маблағҳои грантӣ ҷудо мешавад.
Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуда, 68 кишвар аъзои он мебошанд ва 49 давлати узви Бонк дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуд.
Ниҳоди байнулмилалии мазкур мададрасони бузургтарини Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Давоми 26 соли шарикӣ БОР баҳри дастгирии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон - аз бахши роҳсозиву зерсохтори энергетикӣ то тандурустиву кишоварзӣ, рушди шаҳрҳову идоракунии давлатӣ ва молия - ба маблағи умумии зиёда аз 2,7 млрд доллар кумак расонид, аз ҷумла беш аз 2,1 млрд доллар ба сифати грант ҷудо шуд.
Ҳавои Тоҷикистон сарду боронӣ ва ҳарорат то 7-9 дараҷа поин меравад
Саидҷаъфар Усмонзода дар боздоштгоҳ 64-сола шуд. Сарнавишти ояндаи ӯ ҳамоно норӯшан аст
Ҷаримаи ҳангуфт барои ҳоҷизиёрат. Қариб 8 млн сомонӣ ҷаримаи сокинони Тоҷикистон дар нӯҳ моҳ
“Шеъри ӯ итминон барои оянда аст”. Фарзона 60-сола шуд
Дар Русия ба имтиҳонҳо барои муҳоҷирон нархномаи ягона муайян шуд
Майя Санду бори дигар президенти Молдова интихоб шуд
Муттаҳамони нав дар парвандаи “Крокус”. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Русия мебошанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҷавоне, ки забони ҳайвонот медонист”
Кор дар Черногория. Ҳақи кор чанд аст ва барои сафар ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Байни Тоҷикистон ва Кувайт 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста