Рӯзи 1-уми ноябр толори Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳаводорони шеъру адабиётро дар конфронси бошукӯҳе бахшида ба 60-солагии Шоири халқии Тоҷикистон – Фарзона (Иноят Хоҷаева) ба ҳам овард. Дар маҳфил, ки таҳти унвони “Мақоми Фарзона дар адабиёти муосири тоҷик” доир шуд зиёиёни тоҷик, шоирону адабиётшиносон, муҳаққиқони осори Фарзона аз дохилу хориҷ, аз ҷумла Эрону Олмону Ӯзбекистон иштирок доштанд. Ин конфронс ду рӯз давом кард ва зимни он олимону донишмандон пиромуни вижагиҳои шеъри Фарзона, ки яке аз се маъруфтарин шоири муосири форсӣ ном бурда шуд, сухан гуфтанд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар оғози маҳфил паёми шодбошии Президенти кишварро ироа карда, пиромуни нақшу саҳми Фарзона дар ҳавзаи адабиёти форсизабонон сухан гуфт.
“Вақте дар шаҳри Теҳрони Эрон қарор доштем, шоҳиди он будам, ки дӯстдорони шеъру адаб барои дидор бо Фарзона навбат меистоданд. Аз дидани ин манзара ва будани чунин шоири тозапардоз ва навовару номдор ифтихор мекардам”, - гуфт ӯ.
Шеъри Фарзона боиси итминон барои оянда аст
Бояд гуфт, Фарзона, ки ҳамчунин бо тахаллуси Хуҷандӣ низ мешиносанд, бо устод Лоиқ робитаи хоси маънавӣ дошт. Ӯ Лоиқро падарбузурги маънавии худ медонад. Устод Лоиқ низ дар навбати худ Фарзонаро дар як навиштаҷоташ дар китоби “Дасти дуои модар” (1996) духтари хеш хондааст.
Абдунабӣ Сатторзода, профессор, узви вобастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ робитаи шогирду устодии Лоиқ ва Фарзонаро дар адабиёт падидаи камназир унвон кард.
Ӯ аз пешгӯии пайғамбаронаи устод Лоиқ дар бораи шеъри Фарзона, ки “ҷо доштани пораҳои асил, ташбеҳу истиораҳои ғайримунтазира, паҳлӯгардониҳои хаёлангези сухан, суханбозиҳои ширин, назари поки ошиқона ба зиндагӣ, ба инсон, ба замон, нигариши хосаи шоирона ба ашёи тасвиршаванда ва ҳаводиси ғарази шеър, иборапардозиҳо ва истифода аз таъбирҳои корхӯрдаи классикӣ ва фарҳанги мардум”-ро дар шеъри Фарзона боиси итминон ва имон ба ояндаи файзбахши назми Фарзона номида буд, ёд овард.
“Фаромӯш набояд кард, ки ин пешгӯии ҷасурона ва пайғамбарона дар бораи шеъри Фарзона 47 сол пеш, вақте ки шоир нав ба шоҳроҳи адабиёт қадам гузошта буду як дӯшизаи ҷавони ҳанӯз ҷавҳараш нопайдо буд, эълом гардида буд”, - гуфт Сатторзода.
Се шоири муосири форсӣ
Суҳайло Юсуфӣ, мудири нашриёти “Хирадгон-”и Теҳрон аз маҳбубияти Фарзона дар Эрон гуфта, мизони маъруфияту маҳбубияти Фарзонаро дар ин ду кишвар ҳамсанг арзёбӣ кард.
“Устодони ман, Шафеъии Кадканӣ ва Доктор Ёҳақӣ Фарзонаро дар шумори се шоири замони муосири форсӣ қарор додаанд – Фурӯғи Фаррухзод, Симини Беҳбаҳонӣ ва Фарзонаи Хуҷандӣ”, - афзуд Суҳайло Юсуфӣ.
Масъуди Мирзо, устоди донишгоҳи Фарғона, арзиши баланд доштани шеърҳои Фарзона ва каломи ширини ӯро на танҳо байни тоҷикзабонони Ӯзбекистон, балки байни тамоми мардуми ин кишвар махсус таъкид кард. Ӯ шеъри Фарзонаро “номаи наҷот” унвон карда, дар фароварди суханаш як асари рассомии шогирдонашро бо номи “Фарғонадан Фарзонага” (“Аз Фарғона ба Фарзона”) ба шоир ҳадя намуд.
Лаҳзаи ҷолибтарини маҳфил ҳини ба сухан омадани худи соҳибҷашн – Фарзона буд. Ӯ бо суханпардозиҳои намакинаш аз кулли ҳозирин, ки барои гиромидошташ ҷамъ омада буданд, изҳори сипос намуд.
Фарзона бо ормон аз даргузашти ягона писараш – Ҳумоюн ёдоварӣ карда гуфт, “ману Озарахш (Толиб Карим-шавҳари Фарзона) ният доштем, дар тӯйи домодии Ҳумоюнҷон ҳамаи шуморо гирди дастурхони лабрез аз ишқ, меҳру садоқат ҷамъ оварем. Аммо чӣ илоҷ, ки хости мо дигару хатти тақдир дигар будааст”.
Нақшаи мо дигару нақшаи боло дигар аст,
Мӯҳри инсон дигару мӯҳри таъоло дигар аст.
Ҳарчи барнома кашидам, хати батлон зада шуд,
Хатти қисмат дигару хостаи мо дигар аст.
Дар фарҷоми маҳфил шогирдону пайвандон ва ҳаводорони шеъри Фарзона соҳибҷашнро ба муносибати 60-умин солгарди умраш бо дастагулу армуғонҳо табрик карданд.
Ёдовар мешавем, ки Фарзонаи Хуҷандӣ 3-юми ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонадони зиёӣ таваллуд шудааст. Аз кӯдакӣ ба шеъру адабиёт пайванди тамом дошт ва бо сабку салиқа ва садои хоси эҷодӣ вориди майдони адабиёт гардид.
Маҷмӯаи нахустини ашъораш “Тулӯи хандарез” (1987) унвон дошта, дар аввалсухани он Лоиқ Шералӣ “фотиҳаи сафед”-е ба қаламкаши навсафар додааст, ки фоли нек буданашро зиндагӣ собит намуд. Баъдан китобҳои “Шабохуни барқ” (1989), “Ояти ишқ” (1994), “То бекаронаҳо” (1998), “Меъроҷи шабнам” (2000), “Қатрае аз Мӯлиён” (2003), “Як ғунча роз” (2005), “Сӯзи нотамом” (2005), “Мӯҳри гули мино” (2007), “Сад барги ғазал” (2008), “Парниёни ҷон” (2011), “Себарга” (2011), “Набзи борон” (2013), “Ҳама гул, ҳама тарона” (2014) ва дигар маҷмуаҳои шеъри шоира пайи ҳам ба дасти чоп расиданд.
Ахиран китоби тозаи ӯ бо номи “Қанди баста” интишор гардид, ки мақолаҳо, номаҳо, пешгуфторҳо, сафарномаҳо ва ёддоштҳои Фарзонаро фаро мегирад.
Силсилаи шеърҳои ӯ дар чандин мамлакати олам, аз ҷумла, дар Эрон, ИМА, Инглистон, Олмон, Фаронса, Миср, Арабистони Саудӣ, Ироқ ва аксари ҷамоҳири шӯравӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Фарзона дорандаи унвони “Шоири халқии Тоҷикистон”, ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода ва як қатор ҷоизаҳои дигар аст.
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи коррупсияро кам кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста