Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 ноябр бо сафари расмӣ ба Давлати Кувайт рафта, бо раҳбарияти ин кишвар дидору гуфтушунид анҷом дод.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд, дар он 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ба ин тариқ, дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ санадҳои зерини ҳамкорӣ имзо шуданд:
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷи Давлати Кувайт;
- Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя”;
- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории тиҷоратӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Давлати Кувайт “Kuna”;
- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия;
- Барномаи иҷроияи Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2024-2026.
“Мо Давлати Кувайтро шарики боэътимоди худ дар минтақа ва ҷаҳон медонем ва омодаем, ки барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо он тадбирҳои муштараки амалӣ андешем”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ.
Дар ин робита бештар фаъол намудани Комиссияи муштараки миёниҳукуматӣ, таъсис додани Шӯрои соҳибкорони ду кишвар ва Фонди муштараки сармоягузорӣ зарур шумурда шуд.
Ба давлати Кувайт барои саҳмгузории Фонди кувайтӣ оид ба рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими Тоҷикистон дар самтҳои роҳсозӣ, энергетика ва обрасонӣ изҳори сипос карда шуд.
Ҷалби сармояи кувайтӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургия, кишоварзӣ ва дорусозӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.
“Зимни баррасии масоили иҷтимоӣ Амири Давлати Кувайт, аз ҷумла изҳор дошт, ки аз сиёсати босамари Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии бонувон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа бохабаранд ва онҳо низ дар Кувайт ҳамин сиёсатро пеш гирифтаанд ва аз миёни хонумон чандин нафарро ба вазифаҳои роҳбарӣ дар умури давлатӣ таъин намудаанд”, - омадааст дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ дар ҳошияи музокироти имрӯза барои ҷонибҳо судбахш номида шуд.
Изҳори умед карда шуд, ки Кувайт аз қабули Қатъномаи Созмони Милал аз рӯи пешниҳоди Тоҷикистон оид ба “Даҳсолаи сулҳ барои наслҳои оянда” ҳам ҷонибдорӣ мекунад.
Дар вохӯрӣ бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ президент ҷалби сармояи кувайтӣ дар Тоҷикистонро барои ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нӯшокӣ ба Кувайт ба манфиати кор донист.
Эмомалӣ Раҳмон аз қарори Ҳукумати Кувайт доир ба ифтитоҳи сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Валиаҳди давлат иброз гардид, истиқбол намуд.
Ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсҳои илмиву амалӣ, табодули донишҷӯён ва устодон, барқарор намудани тамосҳо миёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ Ал-Яҳё дидору гуфтушунид кард.
Таъкид гардид, ки кишварҳо оид ба аксари масъалаҳои рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ мавқеъҳои наздик ва ё ҳамсон доранд.
Ҳарду ҷониб ба татбиқи босамари ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим изҳори алоқамандӣ карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо муовини якуми сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ ҳарду ҷониб алоқаманди ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ шуданд.
Имзои Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ санади муҳими ҳамкорӣ дар ин соҳа маънидод шуд.
Ҳамчунин дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир тақвияти ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт зарур шумурда шуд.
Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста