Дар Исроил Элиэзер Фелдштейн, яке аз ёварони баландпояи нахуствазир Бенямин Нетаняҳу ба ирсоли маълумоти махфӣ ба расонаҳои хориҷӣ айдор мешавад. Ба навиштаи телевизиони CNN, чор маъмури Хадамоти махсуси Исроил ҳам дар ин кор гумонбар ҳастанд. Яке аз онҳоро ба ҳабси хонагӣ гирифтаанд.

Элиэзер Фелдштейн солҳои дароз дар бахши матбуотии артиш кор карда, моҳи декабри соли 2022 мушовири нахуствазир Нетаняҳу дар умури кор бо афсарон таин шуда буд.

Хабаргузории “Ройтерс” навиштааст, муттаҳамон маълумоти махфиро ба расонаи бритониёии “The Jewish Chronicle” ва нашрияи олмонии “Bild” додаанд. Ин ду нашрия моҳи сентябри имсол бо такя ба хадамоти истихборотии Исроил гузориш доданд, ки гурӯҳи “Ҳамос” асирони исроилиро махфиёна аз Навори Ғазза ба Миср бурдааст.

Ҳарду нашрия ҳамчунин навишта буданд, фаластиниҳо дар талош ҳастанд, ки ҷомеаи Исроилро пароканда карда, нахуствазирро ба халалдор кардани музокироти сулҳ ва озодии гаравгонҳо муттаҳам кунанд.

Худи Бенямин Нетаняҳу гуфт, дар бораи фош шудани санадҳои махфӣ аз расонаҳо маълумот гирифтааст.

Артиши Исроил рӯзи 1-уми сентябр аз кашфи шаш ҷасади гаравгони исроилӣ дар як туннел дар Рафаҳ, дар ҷануби Навори Ғазза хабар дод ва эълон карда буд, ки онҳо қаме қабл аз пайдо шудан ба қатл расидаанд.

Амрико ва Исроил бовар доранд, ки "Ҳамос" ин гаравгонҳоро куштааст. Гурӯҳи"Ҳамос" мегӯяд, ки ин гаравгонҳо бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба ҳалокат расиданд.

Ҷанг дар Навори Ғазза беш аз як сол аст, ки идома дорад. Рӯзи 7-уми октябри соли гузашта гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" ба Исроил ҳамла кард ва 1200 нафарро кушт ва ҳудуди 240 тани дигарро гаравгон гирифт. Дар пайи он Исроил Ғаззаро бомбборон кард ва то ин лаҳза тақрибан ҳама зерсохтҳои онро комилан аз байн бурд ва беш 42 ҳазор фаластиниро кушт, ки аксари онҳо занону кӯдаконанд.

 

Раиси ҷумҳури Эрон: Оташбас дар Ғаззаву Лубнон ба ҳамлаи ҷавобии Эрон ба Исроил метавонад таъсир расонад

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ки оташбас дар Ғазза ва Лубнон метавонад ба шиддати ҳама гуна ҳамлаи ҷавобии артиши Эрон ба Исроил таъсир расонад. Дар ин бора IRNA - хабаргузории давлатии Эрон иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи вай, Исроил "хеле хуб медонад", ки агар дар муқобили Эрон иштибоҳ кунанд, "онҳо посухи сангин хоҳанд гирифт".

"Танҳо бознигарии рафтори онҳо, созиш ба оташбас ва куштори мардуми бегуноҳ дар минтақа метавонад таъсир расонад, ки мо чӣ гуна ва бо кадом нерӯ вокуниш нишон диҳем", - гуфтааст Пизишкиён.

Бояд гуфт, пас аз оғози даргирӣ дар Ғазза ва кушта шудани ҳазорон сокини осоишта ва роҳбарони гуруҳҳои ҷангандаи зери ҳимояи Эрон, давлати исломӣ ду маротиба Исроилро ҳадафи бомбборон қарор дод. Исроил ҳам як маротиба бо бомбандозӣ посух гардонд.

 

Интихоботи Амрико: Трамп ё Ҳаррис?

Имрӯз, 5 ноябр дар ИМА интихоботи президентӣ доир мегардад.

Барои ба даст овардани мақоми президентии ин кишвар то чаҳор соли оянда Камола Ҳаррис, муовини раисҷумҳури феълӣ аз ҳизби демократ ва Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳ мубориза мебаранд.

Натиҷаҳои аввалин субҳи чоршанбе, 6 ноябр маълум мегардад, аммо ҷамъбасти ниҳоӣ метавонад чанд рӯз ё ҳафта тӯл кашад. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, тақрибан 78 миллион нафар аз наздик ба 168 миллион раъйдиҳандагон пешакӣ овоз додаанд.

 

Аввалин ҷанги сарбозони Кореяи Шимолӣ дар Курск?

Президенти Украина бо такя ба маълумоти истихборотии кишвараш эълон кард, ки 11 ҳазор сарбози Кореяи Шимолӣ дар минтақаи Курски Русия ҳастанд. Владимир Зеленский 4-уми ноябр изҳори таассуф кард, ки муттаҳидони ғарбии Киев дар ин бора вокуниши ҷиддитар накарданд.

“Мо дида истодаем, ки шумораи сарбозони Кореяи Шимолӣ бештар мешавад, аммо аз сӯи шарикони ғарбии мо вокуниши лозим нест. Мутаассифона”, - гуфт Зеленский.

Ба ҳисоби Сарраёсати истихбороти Вазорати дифои Украина, Кореяи Шимолӣ то ин дам ба Русия 12 ҳазор сарбоз фиристодааст, ки 500 нафарашон афсарон ҳастанд.

Вазорати дифои Амрико ё Пентагон, шумораи сарбозони Кореяи Шимолиро дар минтақаи Курски Русия 10 ҳазор гуфтааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти истихбороти Украина гуфтаанд, ки аввалин муноқишаи мусаллаҳона бо сарбозони аз Корея Шимолӣ омада дар Курск рух додааст.

Русия ба ин ҳама даъвоҳои Украина посух надодааст ва ҳамчунин, хабари ҳузури сарбозори кореягиро ҳеҷ гоҳ рад ҳам накардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.