Дар ин бора рӯзи 11-уми январ саҳифаи “Ахбори ВКД” дар Телеграм хабар дода, навишт, ки Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ба сокинони кишвар муроҷиат кардааст, то дар ошкор кардани ду ҷиноят мусоидат кунанд.
Дар ин муроҷиат аз ду куштор хабар дода мешавад, ки даҳаи аввали моҳи декабри соли 2024 дар шаҳри Ваҳдат рух додаанд. Ҳодисаи якум рӯзи 5-уми декабр ба вуқуъ омада, дар он Олимов Тоҷиддин, як сокини деҳаи Баҳористон шаҳри Ваҳдат кушта шудааст.
Ҳолати дуюм шаби 6-ум ба 7-уми декабр ба қайд гирифта шудааст, ки гуфта мешавад, Ҳаётов Маҳмадалӣ, сокини деҳаи Бонғураи шаҳри Ваҳдат кушта шудааст.
Ин ниҳод гуфтааст, махфӣ нигоҳ доштани шахсияти нафарони мусоидаткунанда ва таъмини амнияти шахсии онҳо кафолат дода мешавад.
Мақомот барои тамос рақамҳои +992 918-63-33-50 тариқи телефону паёмрасони Ватсап ва почтаи электронии [email protected]ро гузоштаанд.
Мақомот ҷузъиёти дигари ин ҳодисаҳоро ошкор накардаанд. Маълум ҳам нест, ки ин воқеаҳо чӣ гуна рух додаанд.
Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД дар муроҷиати худ гуфтааст, мукофотпулӣ ба нафароне дода мешавад, ки барои муайян кардани ҳолатҳо ва боздошти гумонбарон маълумоти боэътимод пешниҳод мекунанд. Вале аз ҳеҷ гумонбаре дар ин муроҷиат ном бурда намешавад.
Ёдрас мешавем, ин бори аввал нест, ки мақомот барои дарёфт ва ошкор кардани ҷиноятҳо мукофотпулӣ эълон мекунанд. Моҳи январи соли 2024 пас аз ҳодисаи ҳамла ба ронандаи таксии ширкати “Як такси” дар Душанбе мақомот баъди шаш моҳи ҷустуҷӯи гумонбар барои дарёфт ва иттилоъ дар бораи ӯ 100 ҳазор сомонӣ мукофот эълон кард. Баъди ду ҳафтаи ваъдаи маблағ мақомот аз боздошти гумонбари ҳодиса хабар доданд. Вале нагуфтанд, ки дар пайдо намудани Ғозиев шаҳрвандони кумак кардаанд ё не.
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста