ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 13 ЯНВАР

Соли 2003 – Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои мубориза бо бемории сил таъсис дода шуд.

Соли 2010 – Ҳукумати Тоҷикистон қароре қабул кард, ки мувофиқи он ҳуқуқи амалӣ фурӯши саҳмияҳои "Роғун" дар баробари БДА “Амонатбонк” ба дигар бонкҳои кишвар низ дода шуд.

Соли 2010 – Дар Ню-Йорк ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи ҳамкории созмонҳои минтақавӣ дар посдории сулҳ ва амният баргузор гардид.

Соли 2012 – Тоҷикистон бо Давлати Урдун муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард.

Соли 2016 – Бонки миллии Тоҷикистон аз аҳолии ҷумҳурӣ даъват кард, ки аз муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ худдорӣ кунанд.

Соли 2021 – Ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки тибқи он ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла "Google", ки дар Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод мекунад, вазифадор гардид 18% андоз аз арзиши иловашударо пардохт кунанд. Ин тағйирот бо номи "андози "Google" маъруф аст.

Соли 2022 – Нерӯҳои сулҳхоҳи СПАД аз Тоҷикистон Қазоқистонро тарк карданд.

Дар моҳи январи соли 2022, пас аз нооромиҳо дар Қазоқистон нерӯҳои посдори сулҳи СААД, аз ҷумла низомиёни Тоҷикистон, бо дархости Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба ин кишвар фиристода шуданд. Вазифаи онҳо таъмини амният ва субот буд. Пас аз иҷрои вазифаҳо 13 январ хуруҷи нерӯҳо оғоз шуда, 19 январ пурра анҷом ёфт. Ин аввалин истифодаи нерӯҳои сулҳхоҳи СААД дар таърихи созмон буд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1951 –  Зодрӯзи Азимҷон Аминҷонов, доктори илми химия, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ;

Соли 1965 – Мавлуди Ҷамшед Усмонов, коргардон ва филмноманависи тоҷик.

Ҷамшед Усмонов

Ҷамшед Усмонов яке аз чеҳраҳои синамои муосири тоҷик буда, як қатор филмҳо офаридааст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ сазовори чандин ҷоизаҳо гардидаанд. Ӯ солҳо дар студияи “Тоҷикфилм” фаъолият дошт ва айни замон дар Фаронса истиқомат мекунад.

Филмҳои “Мард”, “Чоҳ”, “Парвози занбӯр”, “Фариштаи китфи рост”, “Биҳишт фақат барои мурдагон” бо коргардонии ӯ рӯйи саҳна омадаанд.

Соли 1999 – Зодрӯзи Давлат, Болтаев, муштзани тоҷик ва яке аз ҷоизадорони Олимпиадаи Порис 2024.

Ӯ ҷоизадори чандинкаратаи мусобиқаҳои байналмилалӣ аст.

Давлат Болтаев

Ахиран дар 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки дар Порис баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Ба ӯ Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон 200 ҳазор сомонӣ, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе хонаи истиҷоматии якҳуҷрадор ва кумитаи кор бо ҷаавонон ва варзиш 10 ҳазор доллар тақдим карданд. Ӯ яке аз даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 аст.

Давлат Болтаев соли 2023 дар Бозиҳои осиёӣ дар Чин медали тилло ба даст оварда буд.

Соли 1997 – Мӯсо Раҷабов, файласуф, доктори илмҳои фалсафа дар 78-солагӣ дунёро падруд гуфт.

Соли 2004 – Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ, адиби ҳаҷву зарофатнавис, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар синни 49-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз дар Русия иди касбии кормандони матбуоти даврӣ таҷлил мешавад.

Ин сана ба нашри аввалин рӯзномаи чопии Русия алоқаманд аст. 13 январи соли 1703 бо фармони Петри I шумораи нахустини рӯзномаи русии “Ведомости” ба нашр расида буд.


Инчунин дар ҳамин рӯзи соли 1830 шумораи нахустини “Литературная газета” – яке аз қадимтарин нашрияҳои даврии Русия, ки ҳафтавор нашр мешуд, нашр гардид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 13 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 4+9º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард (дар н. Лахш 11-13º хунук), рӯзона 2+7º гарм (дар н. Лахш -1+1º).

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 27-32º то 35-40º сард, рӯзона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 22-24º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10-12º сард, рӯзона -1+1º.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.