ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 12 ЯНВАР

Соли 1937 – Аз силсилаи нерӯгоҳҳо дар дарёи Варзоб нахустини он бо номи   НБО “Варзоб-1” ба истифода дода шуд.

Соли 1992 – Аз махзани Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои кишвар 185 ашё аз нуқра, биринҷ ва устухони фил, ки арзиши умумии онҳо 4,6 миллион долларро ташкил медоданд, дуздида шуданд.

Соли 2012 – Тоҷикистон бо кишвари Буркина Фасо, як кишвар дар Африқо муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард.

Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалиро шаҳрдори пойтахт таъин намуд. Муҳаммадсаид Убайдуллоев, собиқ шаҳрдори Душанбе, баъди қариб 20 соли раисӣ аз вазифа озод ва бо нишони “Зарринтоҷ” қадрдонӣ гардид.

Рустами Эмомалӣ

Соли 2019 - Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин мулоқот - муколамаи раҳбарони ниҳодҳои умури хориҷии Ҳиндустон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Самарқанд иштирок кард.

Соли 2020 – ИМА ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба маблағи 575 ҳазор доллар нақлиёт барои амалиётҳои кӯҳӣ тақдим кард.

Соли 2021 – Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи шаҳри Ҳисорро дар мавриди таҷовуз ба номуси духтари 12-сола, ки охири соли 2020 содир шуда буд, бекор кард. Парванда барои тафтиш ва баррасии ҳамаҷониба ба додситонии Ҳисор баргардонида шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1934 – Зодрӯзи Субҳон Раҳматов, наттоқи радиову телевизиони тоҷик, собиқ сармуҳаррири телевизиони Тоҷикистон.

Субҳон Раҳматов муаллифи рисолаҳои “Таджикскому радио 50 лет”, “Минбари савту калом”, “Хотираи неки ашхоси арҷманд” буда, дар маҷмӯъ қариб 500 ҳикояву новелла, пиесаҳои якпардагию бисёрпардагиро аз забони русӣ ва ӯзбекӣ ба тоҷикӣ гардонидааст.

Ӯ 18 сентябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Пиромуни зиндагии ӯ ва хотироти алоқамандонаш аз Субҳон Раҳматов дар маводи Зодрӯзи Субҳон Раҳматов - устоди каломи бадеъ, ки соле пеш бахшида ба 90-солагиаш нашр шуда буд, мутолиа кунед.

Соли 1947 – Мавлуди Бобоҷон Бобохонов, собиқ Додситонии кулли Тоҷикистон.

Бобоҷон Бобохонов

Бобоҷон Бобохонов, ки қаблан додситонии ноҳияҳои Вахш, Панҷ ва вилоятҳои Хатлон ва Суғд буд, соли 2005 додситони кулли кишвар таъин шуд ду панҷсола то соли 2010 дар ин маоқм кор кард.

Давраи роҳбарии Бобохонов дар Додситонии кулли Тоҷикистон бо пурсарусадотарин парвандаҳо, аз ҷумла алайҳи Абдуҷалил Ҳомидов, раиси собиқи вилояти Суғд, Ёқуб Салимов, вазири умури дохилӣ, Ғаффор Мирзоев, раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократ дар ёдҳо хоҳад монд. Ҳамаи номбаршудагон ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

Баъди таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар соли 2007 байни ӯ ва ин ниҳод мухолифат ба миён омада буд. Баъд аз ин писари Ӯ ришваситонӣ боздошту зиндонӣ гардид ва ҳамин тариқ, номи Бобохонов дар робита ба ин чанд бор рооснаӣ шуд. Ӯ соли 2010 ба нафақа баромад ва ҳоло бознишаста буд, бо расонаҳо ҳам ба нурдат суҳбат намекунад.

Соли 1976 – Зодрӯзи Мавлудахон Мирзозода, вакили парлумон дар ду даъват.

Соли 1984 – Зодрӯзи Таронаи Алидӯстӣ, ҳунарпешаи эронӣ.


Тарона Алидӯстӣ зодаи шаҳри Теҳрони Эрон буда, бо иҷрои нақшҳои муассир дар синамо байни тоҷикистониён низ маъруф аст. Махсусан, иҷрои нақши Шаҳрзоди Саодат дар силсилафилми “Шаҳрзод” симои ӯро маъруф кард.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1998 дар Париж Протоколи манъи нусхабарии генетикии инсон ба имзо расид. Аз усулҳои нусхабарории генетикии ҳайвоноти олӣ самараноктаринаш усули "интиқоли ядро" ҳисобида мешавад, ки маҳз ҳамин усул барои клонкунии гӯсфанди “долли” дар Британия истифода шуда буд ва он шаш сол зиндагӣ кард. Ин мӯҳлатро олимон кофӣ мешумориданд, то муваффақ будани таҷриба таъйид шавад ва ба таҳияи усули нусхабардории генетикии инсон оғоз бахшад.


12 январи соли 1950 дар Иттиҳоди Шӯравӣ бори хиёнат ба ватан, ҷосусӣ ва коршиканӣ ҳукми қатл дубора ҷорӣ карда шуд. Пас аз Инқилоби Октябр дар соли 1917 ҷазои қатл дар кишвар бекор карда шуда буд, вале аллакай 21 феврали соли 1918 дубора ҳукми қатл иҷозат дода шуд. Аз соли 1947 дар Иттиҳоди Шӯравӣ моратория ба ҷазои қатл амал мекард. Аммо 12 январи соли 1950 онро дубора ҷорӣ карданд.


Дар давраи аз соли 1960 то 1988 дар Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан 24 ҳазор нафар ҳукми қатл гирифтанд.

Ҳамасола 12 январ Рӯзи байналмилалии марсипан (ширинӣ ё хамираи бодомӣ) таҷлил мегардад. Ин ид аз ИМА сарчашма гирифта, бо мақсади баланд бардоштани огоҳии мардум дар бораи ин ширинии ғайриоддӣ таъсис дода шудааст.


Марсипан шириниест, ки аз бодоми майдакардашуда ва шарбати шакар тайёр мешавад. Ҳамчунин ба он асал ё шарбати ҷуворимакка барои "часпандагӣ", равғани бодом барои беҳтар кардани мазза илова карда мешавад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 12 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 4+9º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард (дар н. Лахш 11-13º хунук), рӯзона 2+7º гарм (дар н. Лахш -1+1º).

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 27-32º то 35-40º сард, рӯзона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 22-24º сард.       

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3º сард, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9-11º сард, рӯзона -1+1º.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.