Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигор ва сардабири ягона нашрияи мустақили вилояти Хатлон - “Пайк” ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳукми зиндони Аҳмади Иброҳимро имрӯз, 10-уми январ, Додгоҳи шаҳри Кӯлоб содир кардааст. Ҷузъиёти дигари ин ҳукм дастрас нест.
Наздиконаш ҳукмро ба ин расона “бераҳмона” номидаанд.
Ин ҳукм баъд аз қариб ним соли боздошт содир шуд. Аҳмади Иброҳим моҳи августи соли 2024 дастгир шуда буд. Мақомот ӯро ба “ришвадиҳӣ ба маъмури Кумитаи давлатии амнияти миллӣ”, “тамаъҷӯӣ” ва “ифротгароӣ” айбдор карда, вале то ба ҳол шарҳ надодаанд.
Бояд гуфт, ки ҳукми Аҳмади Иброҳим пас аз як рӯзи додхоҳии ӯ аз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон содир гардид.
Ӯ дар он нома навишта буд, ки бо гузашти ним сол аз боздошташ вакили мудофеъ (адвокат) надорад ва мақомот аксҳои маҳрамонаи хонаводагӣ ва мукотибаҳои шахсияшро ба зидди ӯ истифода мекунанд.
“Дар умрам ба касе пора надодаам, вале маро ба порадиҳӣ айбдор мекунанд. Дар умрам тамаъҷӯӣ накардаам, аммо маро ба тамаъҷӯӣ айбдор доранд. Дар умрам ифротгаро набудам, балки тӯли 22 соли охир ба ифротгароӣ мубориза бурдам. Чӣ гуна мани рӯзноманигор ва нависандаи 6 роман дар васфи зардуштиён салафӣ мешавам?”, - навиштааст Аҳмади Иброҳим дар номааш ба Рустами Эмомалӣ.
Аҳмади Иброҳим ҳамаи иттиҳомро рад карда, боздошташро кори дасти “як раис ва ду корманди мақомот” номида, вале аз касе ном нагирифт.
Пас аз боздошти Аҳмади Иброҳим ҳафтаномаи “Пайк” пурра аз чоп бозмонд.
Ҷузъиёти дигари парвандаи Аҳмади Иброҳимро дар ин хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2025
Нархи “утилизатсия” танҳо барои мошинҳои воридшаванда боло меравад
Рӯзи матбуоти тоҷик. Имсол ба 9 нафар ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ тақдим гардид
Имтиёзҳои андозӣ ба корфармоҳое, ки шахсони дорои маъюбиятро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста