Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтааст, аз аввали соли 2025 андозаи ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳам барои ронандагон ва ҳам барои ширкатҳои нақлиётӣ зиёд шуд. Аз ҷумла, ронандагоне, ки борҳои хатарнок, калонҳаҷм ва вазнин мекашонанд, акнун ҷаримаҳои сангин мепардозанд.
Ин баландшавии нархи ҷарима ба зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар кишвар рабт дорад. Дар соли 2025-ум 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 75 сомонӣ баробар шуд. Соли 2024 он 72 сомонӣ буд.
“Азия-Плюс” чанде пештар дар бораи он ки шуруъ аз соли равон меъёри ҷарима барои кадом қонуншиканиҳо, махсусан қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ баланд шуд, маводи алоҳида нашр карда буд, ки онро метавонед тариқи ин линк хонед.
Ба иттилои Вазорати нақлиёти кишвар аз 1-уми январи соли 2025 андозаи ҷаримаҳо барои ронандагон ва ширкатҳои нақлиётӣ барои вайрон кардани баъзе қоидаҳои ҳаракат дар роҳ афзоиш ёфтааст.
Меъёри ҷаримаҳо дар муқоиса бо соли 2024 чӣ қадар зиёд шуд, дар аксҳои зерини мо бинед:
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
“Метро созанд, баъд зан мегирам...”. Вокуниши сокинон ба хабари сохтмони метро дар Душанбе
Ҳалокати 4 кас ва тақрибан 10 млн сомонӣ зарар. Хисороти сӯхторҳо дар Суғд дар соли гузашта
Таъмини аҳолӣ бо манзил. Дар Тоҷикистон норасоӣ мушоҳида мешавад
Таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Русия. Чӣ тавр метавон ҳуҷҷат супорид?
“Дар умрам ба касе пора надодаам”. Номаи Аҳмади Иброҳим аз боздоштгоҳ ба унвонии Рустами Эмомалӣ
Хадамоти назорати санитарӣ кори зиёда аз 650 иншоотро муваққатан боздошт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ягонагии ошиқ бо маъшуқ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста