Тоҷикистон дар радабандии “Индекси рушди ҳукумати электронӣ 2024” (E-Government Development Index-2024)-и СММ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охир қарор дорад.
Дар доираи ин радабандӣ рушди рақамии 193 кишвар баҳогузорӣ шуда, Тоҷикистон бо натиҷаи умумии 0,56 (нишондиҳандаи EGDI) мақоми 123-юмро касб мекунад.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон (EGDI – 0,90) дар зинаи нисбатан баландтар (24-ум) қарор гирифта, Ӯзбекистон дар зинаи 63-юм (0,80), Қирғизистон - 78-ум (0,73) ва Русия - 43-юм (0,85) ҷойгир шудаанд.
Дар сегонаи пешсафтарин кишварҳо аз рӯи рушди ҳукумати электронӣ дар соли 2024 Дания (0,98), Эстония (0,97) ва Сингапур (0,96) ҷой гирифтанд. ИМА дар ҷои 19-ум (0,92) ва Чин дар ҷои 35-ум (0,87) ҷойгир шудаанд. Сомалӣ (0,15), Судони Ҷанубӣ Судон (0,12) ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (0,09) дар зинаҳои охири радабандӣ мебошанд.
Кишварҳо тибқи натиҷаҳои баҳодиҳӣ ба 4 категория тақсим мешаванд:
- кишварҳо бо нишондиҳандаи хеле баланд (0,75 – 1);
- кишварҳо бо нишондиҳандаи баланд (0,5 – 0,75);
- кишварҳо бо нишондиҳандаи миёна (0,25 – 0,5);
- кишварҳо бо нишондиҳандаи паст (0 – 0,25).
Мутаносибан бо нишондиҳандаи умумии 0,56 Тоҷикистон ба гурӯҳи “кишварҳо бо нишондиҳандаи баланд” дохил мешавад. Дар ҳамин ҳол, Қирғизистон (0,73), Қазоқистон (0,90), Ӯзбекистон (0,80) ва Русия ба гурӯҳи “кишварҳо бо нишондиҳандаи хеле баланд” шомил шудаанд.
Индекси EGDI аз се нишондиҳанда иборат аст:
- индекси инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, ки ба маълумоти Иттиҳоди байналмилалии алоқа (МСЭ) асос ёфтааст;
- индекси сармояи инсонӣ, ки бар асоси маълумоти ЮНЕСКО таҳия шудааст;
- индекси хизматрасониҳои онлайн, ки бар пояи пурсишҳои ҷомеашиносии Департаменти рушди иқтисодиву иҷтимоии СММ таҳия шудааст.
Тоҷикистон нисбатан баландтар дар Индекси сармояи инсонӣ (0,65) баҳогузорӣ шудааст. Нишондиҳандаи кишвар дар Индекси инфрасохтори телекоммуникатсионӣ 0,58 ва дар Индекси хизматрасониҳои онлайн - 0,44-ро ташкил медиҳад.

Тақсимоти кишварҳо дар Индекси рушди ҳукумати электронӣ дар соли 2024: 39% (76 давлат) – кишварҳо бо нишондиҳандаҳои хеле баланд; 32% (62 давлат) – кишварҳо бо нишондиҳандаҳои баланд; 23% (44 давлат) – кишварҳо бо нишондиҳандаҳои миёна ва 6% (11 давлат) – кишварҳо бо нишондиҳандаҳои паст.
Индекси рушди ҳукумати электронӣ аз ҷониби Департаменти рушди иқтисодиву иҷтимоии СММ аз соли 2001 ҳар ду сол як маротиба нашр мешавад.





Нархи патент боз дар кадом минтақаи Русия гарон шуд? Ном ба ном
Сафорати Чин аз шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон ва Афғонистон хост, ки ба минтақаҳои марзӣ сафар накунанд
Аз имтиёзҳои нав ба довталабон то таъсиси пойгоҳи ягонаи электронӣ. Дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ тағйир ёфт?
Соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаво аз меъёри иқлимӣ гармтар шуд
Марги як ҷавони 19-сола дар пайи муноқишаи гурӯҳӣ дар Русия. Расонаҳо гумонбарро зодаи Тоҷикистон мегӯянд
Дар радабандии нави ФИФА тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 100-ум қарор гирифт
Қазияи муноқиша дар “Парламент”. Ба ҷойи додситони барканоршудаи Бӯстон то ҳол касе таъин нашудааст
“Тафтиш мекунем”. Вокуниши Толибон ба даргирӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон
Ҳушдори Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши барфи шадид дар Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 8
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста