Дар Тоҷикистон гумонбари ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина, ки маҷбуран ҳуҷҷатҳоро гирифта, ба кормандон пул пардохт намекардааст, боздошт шуд. Дар ин бора ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.
“Сокини 36-солаи шаҳри Конибодом дар ҷараёни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормнадони милитсия ба гумони даст доштан дар роҳандозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт шуд, - омадааст дар хабар. - Гумонбаршуда чандин нафарро бо ваъдаи кор ба сифати фурӯшанда ва дигар ихтисосҳо ҷалб намуда, лекин ба онҳо музди меҳнаташонро пардохт накардааст, ки дар натиҷа ба онҳо зарари зиёди молиявӣ расидааст”.
Масалан, марди 33-сола ба сифати фурӯшанда кор карда, 900 ҳазор рубли Русия зарар дидааст, боз ба як марди дигари 32-сола 4,8 млн рубл зарар расонида шудааст. Боз як ҷабрдида гӯё ба маблағи 15 ҳазор доллар аз ӯ қарздор буда, гумонбаршуда то имрӯз баргардонидани онро талаб дорад. Дигар коргарон бар асари пардохт нашудани маош ба маблағи зиёда аз 2 млн 40 ҳазор рубл зарар дидаанд.
Нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 335, қ. 2, иловаи 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Дар ин модда ҷарима ба маблағи аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда - 75 сомонӣ) ё ҷазои корҳои ислоҳӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол пешбинӣ шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳоли ҳозир оид ба ин парванда тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад.





"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста