Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони миллали муттаҳид ба мақоми президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ (Бунёди кӯдакони СММ) барои соли 2025 интихоб гардидааст.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ин ниҳод гуфтанд, ки дар соли ҷорӣ Ҷонибек Ҳикмат ин мақомро роҳбарӣ мекунад ва ин ба Тоҷикистон имконият медиҳад дар ташаббусҳои байналмилалӣ, ки барои беҳтар кардани шароити зиндагии кӯдакон дар саросари ҷаҳон равона шудаанд, фаъолона иштирок намояд.
Бояд гуфт, ки Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ аз 36 аъзо иборат буда, вазифаи назорат ва арзёбии фаъолияти ин бунёдро бар ӯҳда дорад. Президенти Шӯро ва аъзои он ҳамчун ҳамоҳангсоз байни котиботи ЮНИСЕФ ва гурӯҳҳои минтақавӣ амал карда, ба масъалаҳои маъмурӣ ва амалкардӣ (функсионалӣ) тамаркуз мекунанд.
Ҷонибек Ҳикмат кист?
Ҷонибек Ҳикмат соли 2021 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон сафир ё намояндаи нави Тоҷикистон дар Созмони милали Муттаҳид таъин шуд. Ӯ то имрӯз дар ин вазифа фаъолият мекунад.
Номбурда қаблан дар солҳои 2010 - 2014 ҳамчун котиби дуюм дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир фаъолият кардааст. Ӯ ҳамчун котиби дуюм дар Дастгоҳи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ адои вазифа кардааст.
Ҷонибек Ҳикмат солҳои 2016 - 2019 дар намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар вазифаҳои котиби аввал ва мушовир фаъолият кардааст.
Ӯ хатмкардаи Eastern Mediterranean University-и Кипр аст.
Номбурда оиладор буда, соҳиби се фарзанд мебошад.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста