Милитсияи шаҳри Душанбе мардеро боздошт кардааст, ки бо баҳонаи омода кардани раводид (виза)-и кишварҳои аврупоӣ шаҳрвандонро фиреб дода, аз онҳо аз 15 то 30 ҳазор сомонӣ пул гирифтааст.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе аз ӯ Ҳалимҷон Ҷабборов ном бурда, гуфтааст, ки баъд аз муроҷиати шаҳрвандон ӯро дастгир кардаанд. Ба иттилоъи манбаъ, ин мард сокини шаҳри Хуҷанд буда, ба қаллобӣ гумонбар мешавад.
Вале маълум нест, ки бар зидди Ҷабборов парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ё не.
Назари худи гумонбаршуда ва наздикону пайвандонаш дар робита ба ин қазия дастрас нест. Танҳо манбаъ навиштааст, ки то ҳол 8 далели бо чунин роҳ мардумро фиреб додани ӯ ошкор шудааст.
Ҳамчунин, Раёсати ВКД дар Душанбе аз шаҳрвандоне, ки мавриди фиреби Ҷабборов қарор гирифтаанд, хостааст, ки бо рақамҳои 2210057 ва 2258486 ба мақомот муроҷиат кунанд.
Ин бори аввал нест, ки мақомот аз боздошти фиребгарони хоҳишмандони кор дар Аврупо хабар медиҳад.

Чанде рӯз пеш, Оҷонсии зиддифасоди кишвар аз боздошти раиси ширкати “Арса” Қ. Одилов, ки гуфта мешуд, бо ваъдаи ба Британияи Кабир фиристодан аз даҳҳо корҷӯи тоҷик беш аз ним миллион сомонӣ гирифтааст, хабар дод.
Ин ниҳод гуфт, ҳоло нисбати Одилов барои қаллобӣ (моддаи 247 қисми 3 банди “а”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Оҷонсӣ гуфт, ҷамъияти “Арса” бо ширкатҳои кортаъминкунандаи Британия Кабир шартномаи ҳамкорӣ надорад.
Ҳамчунин, моҳи майи соли равон Иброҳим Аҳмадов, раиси ҶДММ “Даври истиқлол”, ки он ҳам бо ваъдаи ба Бритонияи Кабир бурдан аз даҳҳо корҷӯйи тоҷик пул гирифта буд, дастгир шуда буд.
Радиои Озодӣ навишт, ки ӯ ба “қаллобӣ” ва “ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ” муттаҳам аст. Як намояндаи ВКД гуфт, дар парвандаи ӯ ба камияш 147 кас ҷабрдида ҳастанд.
Ширкати “Даври Истиқлол”, барои фаъолияти корӣ дар Тоҷикистон ҳам иҷозатнома надоштааст.
Дар гузашта, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон борҳо аз аҳолӣ даъват карда буданд, ки зимни ҷустуҷӯи кор дар Аврупо, махсус дар Британияи Кабир ба ширкатҳои дорои иҷозатнома муроҷиат кунанд, то ба доми қаллобон наафтанд.
Ёдрас мешавем, ки чанд сол инҷониб шаҳрвандони Тоҷикистон роҳи муҳоҷират ба сӯи Британияи Кабир, Италия, Корея ва чанд дишвари дигарро боз кардаанд ва асосан ба корҳои мавсимӣ дар саҳроҳои кушод ва гармхонаҳо машғул шуда, ҳосили буттамевагиҳо (қулфинай ва ғайра) ва дигар сабзавоту меваҳоро ҷамъоварӣ мекунанд.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста