Тайи даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон зиёда аз 4 ҳазор офати табиӣ рух дода, бар асари он 411 нафар осеб диданд.

Дар ин бора зимни зимни суханронӣ дар ҷаласаи IX вазирон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ), ки имрӯз дар Душанбе ба кор оғоз намуд, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Рустам Назарзода маълумот дод.

Сурат: Asia-Plus

Ба гуфтаи Назарзода, маблағи зиёни расида аз офатҳо дар ин давра зиёда аз 500 млн долларро ташкил додааст.

“Шумори ҳолатҳои фавқулода дар муқоиса бо даҳсолаи гузашта 2,3 баробар ва ҳаҷми зарар - 1,2 баробар зиёд шуд”, - иброз дошт ӯ.

Назарзода таъкид дошт, ки бинобар сабаби мавқеи ҷуғрофӣ, ки 93%-и қаламрав аз кӯҳҳо иборат аст ва ҳамчунин бар асари тағйирёбии иқлим, Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ хеле осебпазир аст.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар давоми даҳсола дар минтақаи СҲИ аз офатҳои табиӣ зиёда аз 70 млн нафар осеб диданд.

Рустам Назарзода
Сурат: Asia-Plus

“Тасмими таъсиси гурӯҳи минтақавии техникии коршиносони СҲИ барои навсозии сохтори коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ ва таҳияи харитаи роҳ барои давраи солҳои 2025-2030 хеле муҳим аст, - изҳор дошт раиси Кумита. - Он ба татбиқи Барномаи қолабии коҳиши офатҳои табиии Сендай, баргузории таҳлили коршиносона ва таъсиси фондҳои СҲИ оид ба офатҳои табиӣ дар минатқа мусоидат намуда, ҳамкориҳоро байни кишварҳо таҳвият медиҳад ва ҳамгироии тадбирҳоро оид ба коҳиши хатарҳо беҳтар месозад”.

Даор машварати имрӯза роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои ваколатдор дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ аз Озарбойҷону Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Эрону Покистон, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Дар кори машварат ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаи коҳиши хатарҳои офати табиӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, аз рӯи натиҷаҳои чорабинӣ қабули Эъломия дар назар аст. Дар он талошҳои муштарак оид беҳтар намудани тадбирҳо ва идоракунии хатарҳо зикр мешавад.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки бо номи ECO маъруф аст, соли 1985 аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст. Қароргоҳи ин созмони минтақавии байниҳукуматӣ дар шаҳри Теҳрони Эрон аст. Тоҷикистон соли 1992 дар баробари Афғонистон, Қазоқистон,  Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, аъзои ин созмон шуд. Дар ҷаласаи 50-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1995 Қатънома дар бораи ҳамкорӣ бо СҲИ қабул гардид ва сипас СҲИ мақоми нозирро дар СММ касб намуд.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 16 сентябр Рустам Назарзода бо роҳбарони як қатор идораҳое, ки дар нишаст иштирок мекунанд, як сисила вохӯриҳо гузаронд.

Аз ҷумла, ӯ бо бо сардори Департаменти идораи офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Туркия (AFAD) Окей Мемиш ва сардори Раёсати миллии мудирияти офатҳои табиии Эрон, генерали бригада Муҳаммад Ҳасани Номӣ дидору гуфтушунид кард.

1/2

Гуфта мешавад, дар ин вохӯриҳо оид ба пешгирии офатҳои табиӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос, тайёрӣ ва бозомӯзии кадрҳо, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ як қатор тавофуқҳо ба даст омаданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.