Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон корҳои сохтмони 36 манзил барои сокинони деҳаи Сурхоб, ки аз офати табиӣ осеб дида буданд, қариб ба охир расидааст.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, корҳои сохтмони манзилҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, ба андозаи 90% иҷро шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, барои сохтмони манзилҳо 18 гектар замин ҷудо шуда, айни замон корҳо дар ду баст ҷараён доранд ва кӯчаҳои маҳаллаи нав аллакай сангфарш шудааст.
Дар назар аст, ки ояндаи наздик манзилҳои нав дар ин маҳалла ба истифода дода шаванд.
Ба манзилҳои сокинони деҳаи Сурхоб рӯзи 25 майи соли равон бар асари боришоти зиёд ва обхезӣ зарари зиёд расонида шуд.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, тайи 6 моҳи ахир бар асари офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ 164 манзил (64-тоаш пурра тахриб шуд), 1863 иншооти ёрирасон, 6 бинои мактаб ва кӯдакистон, 66 пул ва 294,2 км роҳҳои мошингард, 2498,59 гектар заминҳои кишт ба маблағи 24 млн сомонӣ осеб диданд.
Дар ин робита ҳукумат барои сохтмони 118 манзили нав маблағ ҷудо кард.