Раиси бонки ВТБ Андрей Костин изҳор доштааст, ки дар Русия камбуди ҷиддии қувваи корӣ ба миён омада, аз ин рӯ, кишвар ба муҳоҷирон ниёз дорад. Дар ин бора ӯ зимни ҷаласаи пленарии Форуми IX байналмилалии Донишгоҳи молиявӣ таҳти унвони «Сиёсати нави иқтисодӣ 2.0: аз мутобиқшавӣ ба ҷаҳиш» изҳори назар кардааст. Дар ин бора ntv.ru хабар медиҳад.
Костин бар ин назар аст, ки норасоии қувваи корӣ рушди иқтисоди Русияро маҳдуд мекунад. Номбурда ин вазъиятро «фалокатбор» номидааст.
«Дарвоқеъ, танқиди муҳоҷирон дар мо кори осон аст. Лекин, дӯстон, имрӯз бидуни муҳоҷирон иқтисоди мо аз нафаскашӣ бозмемонад, мо хоҳ-нохоҳ бояд ин масъаларо ҳал кунем. Албатта, осонакак метавон онҳоро хориҷ кард, лекин касе кор ҳам бояд кунад », — изҳор доштааст роҳбари бонк.
Костин зикр кардааст, ки дар Корпоратсияи муттаҳидаи киштисозӣ, ки идоракуниаш ба ихтиёри ВТБ супурда шуд, норасоии қувваи корӣ вобаста ба ихтисосҳо аз 10% то ба 20% мерасад.
Ба иттилои интернет-газетаи Столетие, қаблан шабакаи аудиторию машваратии FinExpertiza хабар дода буд, ки дар Русия норасоии рекордии қувваи корӣ ба мушоҳида мерасад.
Вазъияти аз ҳама душвори норасоии қувваи корӣ дар вилояти Амурск ба назар мерасад, ки он ҷо ба як бекор 29 ҷойи корӣ пешниҳод шудааст. Дар вилояти Ленинград — 25 ҷойи корӣ ба як бекор, дар вилояти Нижний Новгород — 22 ҷой, дар вилояти Тула — 20 ҷой ва дар вилояти Орёл — 13 ҷойи корӣ ба як бекор рост меояд.
Дар минтақаи Краснодар талабот 80,7 ҳазор нафар ва дар Маскав —79,7 ҳазор зиёдтар аз шумораи корҷӯён буд. Дар ҳамин ҳол, дар Ингушетия танҳо 0,01 ҷойи корӣ, дар Чеченистон — 0,1 ҷой, дар Тува ва Доғистон — 0,5 ҷой ба як корҷӯ пешниҳод шудааст.
Дар охири моҳи сентябр корфармоёни Русия ба 2 млн нафар коргар ниёз доштанд.
Ба идораҳои шуғл 392 ҳазор нафар муроҷиат кардаанд. Яъне корҷӯён метавонистанд танҳо аз панҷ як ҳиссаи норасоии қувваи кориро пӯшонанд. Ин нишондиҳандаи камтарин аз соли 2005 ба ҳисоб меравад. Норасоии қувваи корӣ аз соли 2022 оғоз ёфта, ба ҳар корҷӯ 2,4 ҷойи корӣ рост меомад. Дар соли 2023 талабот ба кормандони нав боз 6% зиёд шуд.
Камбуди аз ҳама зиёдтарини қувваи корӣ дар соҳаи савдо, махсусан савдои чакана ба назар мерасад. Норасоӣ дар ширкатҳои посбониву муҳофизатӣ ва тозакунӣ, инчунин дар соҳаи фаъолияти маъмурӣ низ мушоҳида мешавад.
Маълумотнома
Бонки «ВТБ» (ихтисор аз “Внешний торговый банк” Бонки савдои хориҷӣ ) — бонки тиҷоратии универсалии Русия бо иштироки давлат мебошад. Ин сохтори асосии Гурӯҳи ВТБ ба ҳисоб меравад. Конгломерати молиявӣ буда, 60,9%-и саҳмияҳои одии бонк ба давлат тааллуқ дошта, 39,1% боқимонда дар муомилоти озод қарор доранд. Бо дарназардошти саҳмияҳои имтиёзнок, 92% сармояи саҳҳомии гурӯҳ зери назорати давлат қарор дорад.
Аз рӯи ҳаҷми дороиҳо дуюмин бонки бузургтарини Русия ва аз лиҳози ҳаҷми сармояи оинномавӣ бузургтарин бонк мебошад. Дафтари марказии бонк дар шаҳри Маскав ҷойгир шуда, худи бонк дар Санкт-Петербург ба қайд гирифта шудааст.
Аз 1 январи соли 2018 ВТБ ба худ бонки фаръии ВТБ24-ро ҳамроҳ намуд. Бонк дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Олмон, Италия, Британияи Кабир ва Кипр бонкҳои фаръӣ ё вобаста дорад.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳомони ҳилагар”
“Истиқлол” дар бозии панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 ҳам шикаст хӯрд
Ваъдаи берун кардани Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ дар Русия. Шойгу дар Кобул чӣ гуфт ва чӣ шунид?
Хатсайри автобус миёни Хуҷанд ва Новосибирск. Ҷадвали ҳаракат ва арзиши чиптаи онро муайян кардем
Дар Тоҷикистон лимону сабзӣ арзон ва гӯшту шир қимат шуданд
“Модарам мехонд, ман ҳифз мекардам”. Фараҳбахш бо вуҷуди нобино будан, чӣ тавр дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ғолиб шуд?
Тоҷикистон ҳам аз хидматрасонӣ ба корти UnionPay-и “Газпромбанк” даст кашид
“Онҳо моро одам ҳисоб намекарданд”. Чаро тоҷики хориҷшуда дигар ба Русия рафтан намехоҳад?
Баъди марги Тарона ва гузориши “Азия-Плюс”, раиси шаҳри Панҷакент дастури ҷудо кардани замин ва бунёди мактабро дод
Размикори мағлубнашудаи тоҷик Наботов барои қарордод бо UFC бо кӣ рақобат мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста