Дар шаҳри Ботканди Қирғизистон вохӯрии дигарбораи ҳайатҳои маконнигорӣ (топографӣ) ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифтааст. Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, музокирот миёни мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аз 11 то 17-уми сентябр давом кардааст.
“Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо муҳокимаро идома дода, оид ба тавсифи минтақаҳои боқимондаи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули пешниҳодҳо намуданд”, - навиштааст “Ховар”.
Аммо мушаххас гуфта нашудааст, ки дар ин дидор дар мавриди кадом минтақаҳои баҳснок муҳокима сурат гирифта, чӣ пешниҳодҳое ироа гардидааст. Танҳо гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар вохӯрии навбатӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад, корро идома медиҳанд.
Бояд гуфт, ки дар моҳи сентябр ин дуюмин музокираи гурӯҳҳои кории топографӣ барои аломатгузории марзи ду кишвар аст. Мулоқоти гузаштаи онҳо ҳафтаи аввали ҳамин моҳ дар Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Бояд гуфт, тайи қариб як соли охир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ дар бораи марзи давлатӣ музокироти фаъол доранд. Қабл аз ин дар моҳи август ҷонибҳо ду маротиба сари мизи музокира нишаста буданд. Аммо ҷузъиёти музокирот ошкор намешавад.
Охири моҳи август Садир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бори дигар оид ба “марҳилаи ниҳоӣ”-и баҳси марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт, аммо санаи мушаххасро зикр накард. Ҳарчанд қаблан гуфта буд, ки то моҳи марти соли 2024 баҳси марзӣ ниҳоӣ мешавад.
Қаблан, охири моҳи июл, дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабар дода буд, ки 94% марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон пурра муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.
“Бароям муҳим аст, ки хонанда баъди хондани осорам ба фикр фурӯ равад”. Сорбон 85-сола шуд
“Бо умед хона харидем, вале ҳанӯз иҷора мешинем”. Шикояти сокинон аз бинои нотамом ва ваъдаи ширкати сохтмонӣ
Содирот кам аст. Тоҷикистон истеҳсоли сементро коҳиш додааст
Рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад
Тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” ба охир расидааст
Дар Тоҷикистон кӣ ва чанд пул маош мегирад?
“Каме бемор буданд”. Президенти Академияи миллии илмҳо сабаби таҷлил нашудани 85-солагии Акбар Турсонро гуфт
Мизи мудаввар оид ба натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29)
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузди меш ва марди тамаъкор”
Оҷонсии нафақа: Соли гузашта ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 106 сомонӣ зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста