Гузориши вижа нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон муҳоҷирони экологӣ баъди кӯчидан ба макони нав аксар вақт дар шароити сангин зиндагӣ карда, “рӯ ба раҳми Худо” нишастаанд.

Бар асоси дастури ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2024-2026 бояд 525 хонавода аз маконҳои хатарнок ба манотиқи амн кӯч дода шаванд. Ин хонаводаҳоро муҳоҷири экологӣ меноманд, зеро макони зисти онҳо дар баробари ҳаводиси табиӣ осебпазир аст ва мақомот дар манотиқи дигари Тоҷикистон барояшон қитъаи замин ҷудо мекунанд.

Бибисалима Нозирова соли 2010 ҳамроҳи шавҳар, писар ва келинаш ба маҳаллаи “Ҷавонӣ”-и ноҳияи Зафаробод кӯчид.

CABAR.asia

Ин минтақа дар 312-километрии шимоли Душанбе, дар марз бо Ӯзбекистон воқеъ аст. То кӯч бастан ба ноҳияи Зафаробод хонаводаи Бибисалима дар деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ зиндагӣ мекард. Хонаи Бибисалима Нозирова дар паҳлӯи маҷрои сел ҷойгир буд.

“Ҳар вақт ки сел меомад, аз тарси он ки манзили моро хароб мекунад, моро тарсу ваҳм фаро мегирифт”,- ба ёд меоварад ҳамсуҳбати мо.

Бо қарори ҳукумат соли 2008 барои хонаводаи Бибисалима Нозирова ва чанд ҳамдеҳаи ӯ аз ноҳияи Зафаробод қитъаи замин ҷудо карда шуд.

CABAR.asia

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, мақомот ба иловаи 8 садяк замин барои онҳо 3 ҳазор сомонӣ (680 доллар бо қурби соли 2010) ҷудо кард. Муҳоҷирони экологӣ, аз ҷумла хонаводаи Нозирова, пас аз панҷ сол нисфи ин маблағро баргардондаанд.

Бибисалима Нозирова ҳамроҳи шавҳару писараш бо маблағи худ бо хишти гилӣ се хона сохта, ба ҳаёти нав шурӯъ карданд. Аммо оилаи Нозировҳо ин ҷо бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ шуданд. Муҳимтарини онҳо мушкили оби ошомиданист, ки бо гузашти 14 сол ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст.

CABAR.asia

Нозирова дар зодгоҳаш — рустои Вашани ноҳияи Айнӣ оби тозаи дарё менӯшид, вале дар ноҳияи Зафаробод низоми интиқоли оби ошомиданӣ вуҷуд надошт. Ин хонавода ва дигар оилаҳои муҳоҷиршуда маҷбур шуданд, барои дарёфти оби ошомиданӣ то 8-9 метр чоҳ бикананд. Ин об, ки мардуми маҳаллӣ онро “оби чоҳ” мегӯянд, шӯр аст, аммо муҳоҷирони экологӣ чораи дигаре надоранд.

Хабарнигори CABAR.asia моҳи майи соли ҷорӣ ба деҳаи “Ҷавонӣ”-и ноҳияи Зафаробод сафар карда, аз обе, ки муҳоҷирони экологӣ истифода мебаранд, нӯшид. Об воқеан шӯр аст ва пас аз чанд дақиқаи нӯшидани он дар меъда нороҳатӣ ё дард пайдо мешавад.

“Мушкилоти асосӣ об аст. Ҳар бор ки кӯдаконро ба беморхона мебарем, мегӯянд, ки бемории онҳо аз оби ифлос аст”,- мегӯяд Абдуҳафиз, як муҳоҷири дигари экологӣ аз деҳаи “Ҷавонӣ”.

Бибисалима Нозирова низ мегӯяд, борҳо барои таъмини оби тоза ба ҳукумати ноҳияи Зафаробод ва мақомоти вилояти Суғд муроҷиат кардаанд.

CABAR.asia

“Ба мо гуфтанд, ки дар солҳои наздик дархостҳои моро ба инобат мегиранд”,- мегӯяд Нозирова.

Таъхир аз ҷониби мақомот бархе аз муҳоҷиронро водор кардааст, ки худашон роҳи ҳалли мушкили обро ҷустуҷӯ кунанд. Моҳи май, вақте хабарнигори CABAR.asia аз деҳаи “Ҷавонӣ” дидан кард, се муҳоҷири экологӣ бо мақсади ёфтани оби тоза “чоҳ” меканданд. Ин се хонавода барои дастрасӣ ба оби тоза аз умқи 50 метр 28 ҳазор сомонӣ (2 ҳазору 600 доллар) масраф кардаанд, аммо об ҳамагӣ барои чанд хонавода кофӣ аст, на ба тамоми деҳа.

Мақомоти ноҳияи Зафаробод мегӯянд, аз вазъи муҳоҷирони экологӣ огоҳ ҳастанд, аммо ба гуфтаи мақомдорон, мушкили оби ошомиданӣ он қадар ҷиддӣ нест. Имомназар Абдуназарзода, котиби ҷамоати Ҷомии ноҳияи Зафаробод, ки деҳаи “Ҷавонӣ” ба он тааллуқ дорад, дар суҳбат ба мо гуфт, муҳоҷирони экологӣ аз деҳаи ҳамсоя об мегиранд.

Дар наздикии деҳаи “Ҷавонӣ” муҳоҷирони ӯзбекзабон зиндагӣ мекунанд, ки ҳанӯз замони шӯравӣ ба ин ҷо кӯчида буданд ва бо оби ошомиданӣ таъминанд. Котиби ҷамоати Ҷомӣ мегӯяд, онҳое ки баъди соли 2010 аз ноҳияи Айнӣ кӯчида омадаанд, оби ошомиданиро аз деҳаи сокинони ӯзбектабор мебаранд. Аммо мушоҳидаи хабарнигори CABAR.asia нишон дод, деҳае, ки сокинони узбекзабон дар он зиндагӣ мекунанд, дар фосилаи 2-3 километр аз деҳаи муҳоҷирони навомада воқеъ аст ва қаҳрамонони гузориши мо наметавонанд обро бидуни нақлиёт ё техникаи дигар интиқол бидиҳанд.

CABAR.asia

Имомназар Абдуназарзода, котиби ҷамоати Ҷомӣ, мегӯяд, масъалаи таъмини муҳоҷирони экологии деҳаи “Ҷавонӣ” бо оби ошомиданӣ таҳти баррасии мақомот қарор дорад. Дар ин деҳа беш аз сад оилаи муҳоҷирони экологӣ зиндагӣ мекунад.

Норасоии оби ошомиданӣ ягона мушкили муҳоҷирони экологӣ дар деҳаи “Ҷавонӣ” нест. Бо гузашти 14 сол, ин русто на дармонгоҳ дорад, на мактаб, на хатти замонавии интиқоли барқ ​​ва на роҳи таъмиршуда. Мактаббачаҳо маҷбуранд барои ба мактаби деҳаи ҳамсоя рафтан роҳи калони мошингузарро убур кунанд. Ин роҳи асосиест, ки ба маркази ноҳияи Зафаробод мебарад ва тавассути он мошинҳо бо суръати баланд ҳаракат мекунанд. Соли сипаришуда мошин кӯдаки яке аз муҳоҷирони экологиро, ки мехост роҳро гузарад, пахш кард ва пойи ин наврас шикаст.

Дар деҳаи “Ҷавонӣ” барои сохтмони мактаб қитъаи замин ҷудо шудааст, аммо маълум нест, ки он кай сохта мешавад.

Имомназар Абдуназарзода гуфт, фарзандони муҳоҷирони экологӣ дар ду мактаби деҳоти ҳамсоя таҳсил мекунанд ва онҳо интизоранд, ки ҳукумати вилояти Суғд барои сохтмони мактаб маблағ ҷудо кунад.

Бархе аз муҳоҷирони экологӣ ба умеди мақомот нашуда, барои ҳалли мушкилоти худ дастбакор шудаанд. Имомназар Абдуназарзода ҳамчунин гуфт, яке аз хонаводаҳо, ки аз ноҳияи Деваштич омада буд, бо истифода аз маблағи барои зиёрати хонаи Худо ҷамъкардааш мехоҳад мушкили дастрасӣ ба оби ошомиданиро бартараф кунад.

CABAR.asia

Мушкили дигари муҳоҷирони экологӣ дастрасӣ ба нерӯи барқ ​​аст. Нахустин нафароне ки ба деҳа омадаанд, мегӯянд, хатти барқро худашон насб кардаанд. Аммо онҳое, ки солҳои ахир кӯчидаанд, ҳанӯз хатти барқ ​​надоранд ва маҷбуранд худашон сими барқро ба хонаҳояшон ​​гузаронанд.

Хабарнигори CABAR.asia мушоҳида кард, ки чӣ гуна як гуруҳи муҳоҷирони экологӣ симчӯбҳо насб карда, дар баландии 1-1,5 метр хатти барқ ме​​кашиданд. Сокинон мегӯянд, онҳо маҷбуранд барои хонаҳояшонро бо равшанӣ таъмин кардан, ин корро анҷом бидиҳанд.

Имомназар Абдуназарзода, котиби ҷамоати деҳоти Ҷомӣ, мегӯяд, муҳоҷирони экологӣ бо мушкили дастрасӣ ба нерӯи барқ мувоҷеҳ нестанд, зеро хатти барқ ба симчӯбҳо кашида шудааст. Аммо Абдуназарзода таъйид кард, “дар баъзе кӯчаҳое, ки муҳоҷирони ихтиёрӣ зиндагӣ мекунанд”, ҳанӯз симчӯбҳо насб нашудааст.

Дар посух ба ин суол, ки мақомот барои беҳбуди вазъи зиндагии муҳоҷирони экологӣ чӣ корҳо анҷом додаанд, ин масъул гуфт, бо дастури раиси вилоят дар ин ҷо озмуни беҳтарин хона, кӯчаи беҳтарин, маҳаллаи беҳтарин гузаронида шуд ва чанд руз пеш баландгӯяки радио насб гардид.

Аммо дар айни ҳол дархости асосии муҳоҷирони экологӣ аз мақомот ин аст, ки онҳоро бо оби ошомиданӣ таъмин карда, мактабу дармонгоҳ бунёд кунанд.

CABAR.asia

Масъалаи фароҳам овардани шароит барои муҳоҷирони экологӣ дар қонунгузории Тоҷикистон ба таври дақиқ баён нашудааст.

Тибқи Тартиби татбиқи муҳоҷирати экологӣ, ки бо қарори ҳукумат тасдиқ шудааст, мақомоти маҳаллӣ “ба муҳоҷирони экологӣ дар ҷойҳои нави истиқомат бинои маскунӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзил медиҳанд”. Аммо чанд муҳоҷири экологӣ, ки дар ноҳияи Зафаробод мо ҳамроҳашон суҳбат кардем, гуфтанд, барояшон ҳамагӣ 8 садяк замин барои сохтмони манзил ва се ҳазор “қарзи боимтиёз” (ҳудуди 280 доллар) дода шудааст, ки нисфи он бояд пас аз панҷ сол баргардонида шавад. Ин маблағ, ба гуфтаи муҳоҷирон, танҳо барои як мошин шағал кифоят мекунад.

Зиндагии муҳоҷирони экологӣ дар ноҳияи Зафаробод асосан аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ ба Русия ва кор дар сохтмонҳои шаҳри Хуҷанд мечархад. Дар ин русто ягон корхона ва сехи хурд нест. Ба бархе аз сокинон замин барои кишоварзӣ дода шуд, аммо аз сабаби набудани об мардум наметавонанд онро истифода кунанд.

Бибисалима Нозирова дар даромадгоҳи деҳа, назди селраҳа даҳ садяк замин гирифта, онҷо картошка парвариш мекунад. Ҳар сол дар фасли баҳор селоб ин заминро шӯста мебарад, вале Нозирова мегӯяд, ки маҷбур аст дар ин ҷо ба деҳқонӣ машғул шавад.

Бибисалима Нозирова мисли дигар муҳоҷирони экологӣ пул надорад, ки дар минтақаи бароҳаттар хона харида, аз инҷо кӯч бандад. Аз ин рӯ, онҳо маҷбуранд, ки дар чунин шароит, бидуни оби тоза, беморхона, роҳи мувофиқ, мактаб ва ҷойи кори муайян зиндагӣ кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.