Абдулрашид Дӯстум, ҷангсолори ӯзбектабори Афғонистон, пешниҳод кардааст, ки алайҳи Толибон* дар хориҷи кишвар ҳукумати баробари Афғонистон ташкил шавад. Ин дар ҳолест, ки то ҳол чандин ҷабҳаву шӯрову ҳизб бар зидди Толибон таъсис шудааст, ки ба гуфтаи коршиносон, натиҷаи корашон чашмрас нест.
“Ҳама қабул кунем, ки дар гузашта сиёсати мо нодуруст буд”
Маршал Абдулрашид Дӯстум ин пешниҳоди худро рӯзи 15-уми сентябр дар ҷаласаи Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон, ки дар Туркия гузашт, ироа кардааст.
Ӯ таъкид кардааст, ки бо ин кор метавон ҳукумати Толибонро шикаст дод.
Дӯстум гуфтааст, раҳбари ин ҳукумат бояд фарде бошад, ки тавонад дар муқобили Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари олии Толибон истодагарӣ кунад. Аммо мушаххас аз касе ном набурдааст.
Ӯ афзудааст, ки, Толибон тавассути як “муомила” бар Афғонистон ҳокимият пайдо карданд ва даври ҳукумати онҳо кӯтоҳ хоҳад буд.
Маршал Дӯстум дар ин нишаст аз гурӯҳҳо ва чеҳраҳои сиёсӣ, ки мухолифи Толибон ҳастанд, хостааст, ки ҳама муттаҳид шаванд ва ба як тавофуқи сиёсӣ бирасанд.
Вай бо ишора ба ихтилофот байни гурӯҳҳо ва чеҳраҳои сиёсии дар хориҷа паноҳбурдаи Афғонситон гуфтааст, “бояд аз таърих омӯзем, аз гузаштаҳо ибрат гирем. Дигар он хатоҳоро такрор накунем. Якдигарро бипазирем. Ҳама қабул кунем, ки дар гузашта сиёсати мо нодуруст буд”.
Баҳси таъсиси “ҳукумат дар хориҷи кишвар”
Муҳаммад Юнус Қонунӣ, аз раҳбарони Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон низ дар ин нишаст бо ишора ба суханони Дӯстум гуфтааст, ки нақшаи ташкили як “ҳукумати хориҷ аз кишвар” имрӯз дар бештари нишастҳои байналмилалӣ матраҳ мешавад.
“Толибон маҳкум ба шикаст ва завол ҳастанд. На он тафаккури толибонӣ барои мардумони мо қобили қабул аст ва на барои ҷаҳон қобили қабул аст”, - таъкид кардааст Қонунӣ.
Толибон то ба ҳол ба ин иддао ва изҳороти Дӯстум ва ҳарфҳое, ки дар ҷаласаи Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон садо дод, вокуниш накардаанд.
Бояд гуфт, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон (моҳи августи 2021) то кунун дастикам даҳ ҷабҳаву шӯрову ҳизб дар хориҷи Афғонистон ташкил шудаанд ва ба иддаояшон алайҳи Толибон меҷанганд. Бар асоси хабари расонаҳо ва таҳлили коршиносон, миёни ин ҷабҳаҳо ихтилофот ҳаст.
Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон ҳам яке аз ҷабҳаҳои умдаи сиёсии мухолифони Толибон аст, ки чеҳраҳоеро ба монанди Юнус Қонунӣ, Атомуҳаммади Нур, Салоҳиддин Раббонӣ, Абдурашид Дӯстум, Муҳаммад Исмоилхон ва дигаронро гирди ҳам овардааст.
Шӯрои мазкур ҳар чанд моҳ нишасти онлайн ё офлайн баргузор мекунад ва аъзоёни он пешниҳодоти худ ба ҳам ироа мекунанд. Аммо то ба ҳол аз фаъолияти ин Шӯро кори чашмрасе расонаӣ нашудааст.
Ин Шӯро қаблан ба ташкили ҳукумати фарогир, ҳузури одилонаи ҳамаи қавмҳо дар қудрат ва интихоботи озод дар Афғонистон даъват мекард.
Боз чӣ ҳизбу ҳаракатҳои зиддитолибонӣ ҳаст?
Дар ин радиф ҷабҳаву шӯрову ҳизбҳои зерин дар хориҷи Афғонистон таъсис шудаанд ва алайҳи Толибон қарор доранд. Ҳоло онҳо амалан ба чӣ кор машғуланд, маълум нест.
Танҳо Ҷабҳаи муқовимаи миллии Афғонистон дар дохили ин кишвар таъсис ёфта, дар вилоятҳои Бадахшон, Тахор, Панҷшер ва дигар минтақаҳо алайҳи Толибон ҷанги чирикӣ мекунад.
Он яке аз бузургтарин ҳаракати низомӣ бар зидди Толибон дониста мешавад, ки бо роҳбари Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон таъсис ёфтааст. Аҳмад Масъуд, ки худ дар хориҷи кишвар аст, дар як нишасти мухолифони Толибон дар Вена (Австрия) эълон кард, ки онҳо барои эҷоди як оппозитсиюни муттаҳид талош доранд.
Ҷабҳаи озодии Афғонистон, ки таҳти роҳбарии Ёсин Зиё, муовини пешини раиси Шӯрои амният таъсис ёфтааст, низ яке аз гурӯҳҳое мебошад, ки дар хориҷи кишвар бар зидди Толибон таъсис ёфтааст.
Ҳизби адолат ва озодии Афғонистон, ки онро Сарвар Дониш, муовини дуюми раисҷумҳури фирории Афғонистон Ашраф Ғанӣ моҳи октябри соли 2022 таъсис додааст, бар зидди Толибон ва барои таъсиси ҷумҳурии федеролӣ мубориза мебарад.
Ҳаракати миллии сулҳ ва адолат, ки аз тарафи Ҳаниф Атмар, вазири собиқи корҳои хориҷӣ ва раиси пешини амнияти миллии Афғонистон, моҳи октябри 2022 таъсис ёфтааст, ҳадафаш эҷоди давлати машрӯъ бо роҳи сулҳомез мебошад.
Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон, ки Самеъ Содот, фармондеҳи пешини нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон роҳбари он аст, дар моҳи октябри соли 2023 дар Амрико таъсис ёфт ва ҳадафаш озод кардани Афғонистон аз Толибон ва ихроҷи гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.
Толибон бошанд, борҳо мухолифони худро “муҳраҳои сӯхта” ва “чеҳраҳои имтиҳондода” номидаанд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон 15-уми августи соли 2021 саросари Афғонистонро ғасб карданд ва ба сари ҳокимияти ин кишвар нишастанд. Бо гузашти се сол, баъзе кишварҳои абарқудрат ба мисли Русияву Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ошкору пинҳон бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд.
То кунун Қазоқистону Қирғизистон гурӯҳи Толибонро аз рӯйхати ҳаракатҳои террористии кишварашон хориҷ кардаанд ва Русия ҳам пешниҳод кардааст, ки аз ин рӯйхат Толибон берун карда шаванд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Гулҳои “тиллоӣ”. Чӣ гуна дар Душанбе барои харидории гулҳо миллионҳо сомонӣ сарф мекунанд?
Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?
Тоҷикистон аз ҷиҳати арзонии хидматрасонии таксиҳо дар ҷаҳон 5-ум аст
“Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл”, “Сандуқчаи зулбиё”. Хазинаи электронии вазорати маориф чӣ дорад?
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Фил дар торикӣ"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста