ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 2 ФЕВРАЛ

Соли 1933 – Агентии телеграфи Тоҷикистон (ТоҷикТА) дар таркиби ТАСС ба фаъолият шурӯъ намуд, ки аз соли 1992 ба АМИТ “Ховар” табдили ном кард.

Соли 1992 – Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон барқарор шуданд.

Соли 2013 – Саидвалӣ Узбеков, собиқ вакили палатаи поёнии парлумон ва собиқ муовини раиси вилояти Хатлон, ки аз соли 2001 дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дошт, боздошт шуд.

Соли 2016 – Бо қарори ҳукумати кишвар як қатор шаҳру ноҳияҳо ивази ном карданд. Аз ҷумла, ноҳияи Ҳисор ба шаҳри Ҳисор, ноҳияи Тавилдара ба Сангвор, Ҷиргатол ба Лахш, Ҷалолиддини Румӣ ба Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷиликӯл ба Дӯстӣ, Қумсангир ба Ҷайҳун, Шӯробод ба Шамсиддин Шоҳин, Қайроқум ба Гулистон, Чкаловск ба Бӯстон, Ғончӣ ба Деваштич, обанбори Қайроқум ба Баҳри тоҷик табдили ном карданд.

Соли 2016 – Бонки миллӣ ба ташкилотҳои қарзӣ дастур дод, ки маблағҳои ба Тоҷикистон воридшударо на бо рубли русӣ, балки бо пули миллӣ бароранд.

Соли 2021 – Наҷибулло  Раҷабов, раиси нави Шӯрои директорони “Ширкати алюминии тоҷик” таъин гардид. Қаблан ин мақомро Шералӣ Кабир бар уҳда дошт, ки вазири, саноати Тоҷикистон шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1938 – Мавлуди Ҳабибулло Табаров, арбоби давлатӣ, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон.

Соли 1944 – Мавлуди Оқил Оқилов, собиқ сарвазири Тоҷикистон.


Оқил Оқилов, ки ду давра сарвазири Тоҷикистон буд, зодаи шаҳри Хуҷанд ва хатмкардаи Донишкадаи муҳандисию сохтмони Маскав бо ихтисоси муҳандиси сохтмон аст.

Солҳои 1993—1999 ба ҳайси вазири сохтмон, муовини сарвазири Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилояти Ленинобод (Суғди ҳозира) фаъолият дошт.

Оқил Оқилов солҳои 1999-2013 дар мақоми сарвазири Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Ҳоло дар нафақа аст.

Соли 1947 – Зодрӯзи Давлаталӣ Давлатзода, шарқшинос, сиёсатмадор ва яке аз бунёдгузорон ҲХДТ.

Давлаталӣ Давлатзода яке аз шарқшинос ва сиёсатмадорони маъруфи тоҷик буда, солҳо дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ ифои вазифа кардааст.


Дар оғози фаъолияташ як муддат дар Сурия ва Миср ба тарҷумонӣ машғул буд. Баъдан дар дастгоҳи КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва Дастгоҳи Президентӣ фаъолият бурд.

Ҳамчунин солҳо дар вазифаи котиби матбуотии ва мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон кор кардааст.

Давлаталӣ Давлатзода солҳо раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар палатаи поёнии порлумон ва муовини аввали раиси ҲХДТ низ буд.

Соли 1949 – Мавлуди Тоҷиддин Муҳиддинов, яке аз сарояндаҳои шинохта дар Тоҷикистон.

Тоҷиддин Муҳиддинов яке аз сарояндагони маъруфи тоҷик аст, ки аксарият ӯро бо иҷрои суруди “Як ханду кун, эй гул” ва “Эй санам” мешиносанд. Ӯ солҳо дар хонаи маданияти шаҳри Ҳисор, Филармонияи давлатӣ ва ансамбли “Гулшан” ҳунарнамоӣ кардааст. Дар тӯли фаъолияташ беш аз 60 суруду тарона иҷро карда, ба эстрадаи тоҷик рангу бӯйи тоза бахшид. Ҳамчунин сурудҳои “Фироқи ёр”, “Ҷони ширин”, “Эй боди бомдодӣ”, “Тарки ёрӣ” аз беҳтарин таронаҳои ӯянд.

Имрӯз Филармонияи халқии шаҳрии Ҳисор ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов аст.

Соли 1973 – Мавлуди Муҳриддин Низомӣ, адабиётшиноси тоҷик, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.


Муҳриддин Низомӣ, ки аз 21 январи соли 2020 дар вазифаи ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият мебарад, акчанд асарҳо дар соҳаи адабиётшиносӣ таълиф намудааст. Ӯ солҳо дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон фаъолият бурд ва дар ин муддат ба эҷод ва таҳқиқ машғул буд.

Соли 2021 – Мирзо Бегматов, арбоби маъруфи давлатӣ, ки дар рӯзҳои сохтмони шаҳри Кӯлоб раҳбарии маъмурияти шаҳри Кӯлобро бар уҳда дошт, дар Кӯлоб даргузашт.

Соли 2022 - Баҳром Файзуллоев, рӯзноманигори тоҷик даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 2-юми феврал Рӯзи огоҳӣ аз артритҳои ревматоидӣ таҷлил мешавад. Ревматоиди артрит як бемории илтиҳобии системавии бофтаи пайвасткунанда мебошад, ки асосан ба буғумҳои хурд таъсир мерасонад. Ин як бемории аутоиммунӣ аст, ки сабабҳои он номаълум боқӣ мемонад. Ҳар сол аз 5 то 50 нафар байни 100 ҳазор нафар ба чунин беморӣ гирифтор мешаванд.


Рӯзи огоҳӣ аз артрити ревматоидӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи ин беморӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳ ба зарурати таҳқиқи он ва дарёфти роҳҳои табобат ва таъмини дарозумрии гирифторони ин беморӣ таъсис дода шудааст.

Ҳамасола 2-юми феврал Рӯзи ҷаҳонии ботлоқзорҳо таҷлил мешавад. Ҳадафи таъсиси ин рӯз ба ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва ҳукуматҳои саросари ҷаҳон ба арзиши заминҳои ботлоқзор барои рушди устувори сайёраи мо нигаронида шудааст.


Конвенсия дар бораи заминҳои ботлоқзор 2-юми феврали соли 1971 дар шаҳри Ромсари Эрон ба имзо расида, аз он вақт инҷониб Конвенсияи Ромсар номида мешавад. Соли 1971 Конвенсияи Ромсарро 18 давлат имзо карданд ва соли 2000  ин давлатҳо ба 119 расиданд ва дар айни замон (то соли 2019) 171 давлат ба ин конвенсия пайвастаанд.

Имрӯз, рӯзи шикасти фашизм аз аскарони шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград (1943) ҷашн гирифта мешавад. 200 рӯзи мудофиаи қаҳрамононаи Сталинград ҳамчун хунинтарин ва бераҳмтарин муҳориба дар таърих сабт шудааст.


Дар мудофиаи шаҳр зиёда аз як миллион афсари шӯравӣ ҳалок ва маҷрӯҳ шуданд. Муҳорибаи назди Сталинград бузургтарин муҳорибаи хушкигард дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва яке аз нуқтаҳои бозпас гаштани амалиёти ҷангӣ буд, ки баъд аз он қушунҳои немис ниҳоят ташаббуси стратегиро аз даст доданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 2 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, рӯзона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 4+9º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 4-6º сард, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 29-34º сард, дар баъзе минтақаҳо то 39-41º сард, рӯзона аз 10-15º то 19-21º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 13-15º сард, рӯзона 3-5º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.