ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 8 ФЕВРАЛ
Соли 2002 – Дар Душанбе аввалин истгоҳи телефонӣ бо низоми рақамии электронӣ ба истифода дода шуд.
Соли 2010 – Созишнома дар бораи шароити будубоши Бонки Авруосиёии Рушд дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳукми иҷро даромад.
Соли 2011 – Додгоҳ даъвои Вазорати кишоварзиро алайҳи ҳафтаномаи “Миллат” қонеъ кард, ки “бо нашри маводи таҳқиркунанда шаъну шараф ва эътибори касбии кормандони вазоратро паст мезад”.
Соли 2013 – Сафорати Тоҷикистон дар Истамбул расман ифтитоҳ гардид.
Соли 2013 – Дар Маскав байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия созишнома ба имзо расид.
Соли 2016 – Дар парлумони Тоҷикистон “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон” ва нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ шуд.
Соли 2019 – Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Қонун “Дар бораи мақоми пойтахт” тағйирот ворид кард. Тибқи он, шаҳрдории Душанбе ҳуқуқ пайдо кард, ки ба баъзе гурӯҳҳои шаҳрвандон унвони “Шаҳрванди фахрии Душанбе”-ро тақдим намояд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1928 – Мавлуди Акобир Шарифӣ, адиби бачагона.
Акобир Шарифӣ факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Ӯ солҳо дар нашрияҳои гуногуни бачагона фаъолият кардааст ва худ асосгузор ва сармуҳаррири шуъбаи бачагон ва наврасони телевизиони тоҷик буд ва муддате корманди Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик буд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345533/%D0%B0%D0%BA%D0%BE%D0%B1%D0%B8%D1%80%20%D1%88%D0%B0%D1%80%D0%B8%D1%84%D0%B8%D0%B8.jpg)
Ҳикояи “Амаки милиса”-и ӯ яке аз беҳтарин ҳикояҳо дар адабиёти кӯдакон ба шумор меравад.
Акобир Шарифӣ 14-уми августи соли 2007 аз олам чашм баст.
Соли 1942 – Зодрӯзи Суръат Халилов, оҳангсози тоҷик, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов.
Суръат Халилов, оҳангсози тоҷик фарзанди Муҳаммад Халилов, ҳунарпешаи театр буда, дар аксари жанрҳои мусиқӣ асарҳо офаридааст. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва Консерваторияи давлатии Тошканд буда, солҳо дар омӯзишгоҳҳои мусиқӣ устод будааст.
Муаллифи асарҳои мусиқии “Тоҷикистони ман”, “Моҷарои обфурӯш”, “Боғбон ва мири ғазаб” ва як қатор асарҳои дигар аст.
Соли 2001 – Муборакшо Мирзошоев, навозанда, овозхон ва оҳангсози маъруфи тоҷик дар 39-солагӣ аз олам даргузашт.
Муборакшо Мирзошоев 19-уми августи соли 1961 зода шуда, нахустин сурудашро дар 14-солагӣ офарид, ки “Чор ҷавон” ном дошт ва солҳои баъд яке аз писандидатарин сурудҳо дар Тоҷикистон шуд.
Гарчанд муҳассили Омӯзишгоҳи ҳавопаймоиву халабонии Ленинград буд, вале аз он канор рафт ва ба олами санъат қадам ниҳод. Ҳунарнамоии ӯ соли 1988 бо гурӯҳи Далер Назар оғоз шуд. Муборакшоро дар баробари Далер Назар яке аз бунёдгузорони мусиқии навини тоҷик медонанд.
Овозхон 8 феврали соли 2001 дар авҷи ҷавониву номдорӣ аз олам даргузашт.
Соли 2012 – Олими Искандарӣ, овозхони тоҷик дар синни 54-солагӣ аз олам даргузашт.
Олими Искандарӣ (Бобоев) солҳои 1980 дар радифи сарояндагони маъруфи "Шашмақом" қарор гирифт, аммо бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз Душанбе ба Панҷакент кӯчид.
Соли 2006 Олими Искандарӣ бо силсилаи нави таронаҳояш дигарбора ба фазои ҳунарии кишвар баргашт ва нақша дошт, ҳамаи гунаҳои "Шашмақом"-ро ҳамроҳи як оркестри муҷаҳҳази симфонӣ иҷро ва сабт кунад.
Вай аз шеваи иҷрои ин асари классикии мусиқии тоҷик дар кишвар қонеъ намуд ва бовар дошт, ки дар ҳоли дуруст суруда шуданаш "Шашмақом" метавонад ба мусиқии ирфонӣ ё классикии Ғарб дасту панҷа нарм кунад.
8 феврали соли 2012 дар синни 54-солагӣ бар асари беморӣ аз олам чашм пӯшид.
Соли 2023 – Чиллахон Холов, овозхон ва оҳангсози тоҷик дар 66-солагӣ аз олам даргузашт.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345533/%D1%87%D0%B8%D0%BB%D0%BB%D0%B0%D1%85%D0%BE%D0%BD%20%D1%85%D0%BE%D0%BB%D0%BE%D0%B2.jpg)
Ӯ дар поёни солҳои 1980 тавассути ансамбли “Ганҷина”, ки таҳти раҳбарии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Зафар Нозим ба хотири муаррифӣ ва таблиғи таронаву рақс ва суннату маросими мардумӣ ташкил шуда буд, ба саҳнаи калон омад ва солҳои аввал бештар таронаҳои мардумиро месароид.
Солҳои охир Чиллахон Холов бештар бар пояи ашъори классикон, аз ҷумла бар ғазалиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ тарона эҷод мекард.
Ӯ дар 66 солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
8-уми феврали соли 1838 – Сэмюэл Морзе аввалин маротиба дар назди мардум системаи телеграфи электромагнитии худро намоиш дод. Гарчанде ӯ муҳандис набуд, дар тӯли 10 сол телеграфи худро таҳия кард ва дар соли 1837 аввалин бор онро дар масофаи 500 метр озмоиш намуд. Аммо аввалин паёми ирсолшуда хонда нашуда буд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345533/%D1%82%D0%B5%D0%BB%D0%B5%D0%B3%D1%80%D0%B0%D1%84.jpg)
Баъдан, Морзе дар тӯли камтар аз ним сол рамзи Морзеро ихтироъ кард, ки бо аломатҳои кӯтоҳ ва дароз маълумотро рамзгузорӣ мекард.
8-уми феврали соли 1837 дар Санкт-Петербург дуэли машҳури Пушкин ва Дантес баргузор гардид. Дуэл дар натиҷаи номаҳои беном, ки ба бевафоии ҳамсари Пушкин ишора мекарданд, рух дода буд. Ҳоло дар мавзеи дуэл санги ёдгорӣ гузошта шудааст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345533/%D0%B4%D1%83%D0%B5%D0%BB.png)
8-уми феврали соли 1816 дар Шотландия ҳангоми боздошти гурӯҳи қочоқчиёни “виски” аввалин бор саги таълимдида барои кӯмак ба полис истифода шуд. Ин саг, ки зоташ бултерйер ном дорад, ба аспҳое, ки фирор мекарданд, ҳамла мекард ва онҳоро бозмедошт. Дар Олмон аввалин саги полис зоти ротвейлер буд, ки барои ҷустуҷӯ ва таъқиби ҷинояткорон истифода мешуд.
Дар Русия, сагҳоро бори аввал дар миёнаи асри 19 дар хадамоти марзбонӣ ва баъдан дар полис истифода бурданд. Соли 1899 дар Белгия аввалин маротиба истифодаи сагҳои таълимдида дар фаъолияти пулис ба таври доимӣ ҷорӣ гардид.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345533/%D1%81%D0%B0%D0%B3.jpg)
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 8 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона -1+4º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 7+12º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2-7º то -3+2º, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф меборад ва дар шарқи вилоят ҳавои бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, дар шарқи вилоят шабона 26-31º сард, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º сард, рӯзона 9-14º сард, дар баъзе минтақаҳо то 18-20º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 12+14º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 9+11º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 13+15º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 2+4º гарм.
Комиссияи марказии интихобот 2 номзади Ҳизби демократро ба қайд нагирифт
САҲА интихоботи Тоҷикистон назорат намекунад. Ин ба раванди интихобот чӣ таъсир мерасонад?
Парвози нахустини ҳавопаймо аз Душанбе ба Рашт низ анҷом ёфт
Соли 2024 қарздиҳӣ ба ипотека дар “Амонатбонк” ба таври назаррас афзудааст
Баста шудани ҳисобҳои бонкӣ, боздошт ва аз кор рондан. Муҳоҷирон аз иштибоҳҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия шикоят кардаанд
Ҷазои чанд соҳибкор дар Суғд барои фиреби истеъмолкунандагон
Як зодаи Тоҷикистон дар Русия кӯдаки 11-моҳаро аз марг наҷот додааст
Қарзи “Агроинвестбонк” ва тақсими замин. Баҳсҳои соли 2024 дар Додгоҳи олии иқтисодӣ
Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон кадом тарҳҳоро амалӣ кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста