“Ман мехоҳам, ки омӯзгорон ҷамъ шуда, рӯзе назди вазири маориф оянд ва гӯянд, ки вазир моро ба кор таъмин намекунад”. Ин нукта имрӯз аз ҷониби Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти хабарӣ зикр гардид.
Вазири маориф ва илм гуфт, ки норасоии кадрӣ яке аз омилҳои паст будани сифати таҳсил дар кишвар аст.
“Чун вақте омӯзгорон зиёданду тариқи озмун қабул мешаванд, ин ба сифати таҳсили фарзандони мову шумо таъсир мерасонад. Дар ин ҳолат, омӯзгор аз болои худ бештар кор мекунад, то ҷойи корашро аз даст надиҳад”, - гуфт Раҳим Саидзода.
Ба иттилои вазир, дар Тоҷиктистон бештар омӯзгорони фанҳои дақиқ намерасанд, алалхусус, барои синфҳои таълимашон бо забони русӣ.
“Ман ба омӯзгорони фанҳои дақиқ иҷозат медиҳам, ки дарсашонро бо забони русӣ ё англисӣ гузаранд, бигзор синфи тоҷикӣ ҳам бошад. Ҳама мисол як аст, танҳо номаш иваз мешавад, муҳим хонандаҳо аз худ кунанд”, - гуфт вазир.
Ба андешаи ӯ, айни ҳол вазорат тавассути Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон созишнома ба имзо расонида, дар асоси он давоми соли 2025 зиёда аз 500 нафар омӯзгоронро ба Русия барои омӯзиши забон мефиристад. Ҳамчунин, 121 омӯзгори хориҷӣ барои таълим даъват шудаанд.
Хонандагонро ба дарс бояд директор биёрад?!
Дар идомаи нишаст, вазир аз мушкили иштироки хонандагон дар дарсҳо гуфт. Ба иттилои Саидзода, таъмини иштироки хонандагон дар дарсҳо ба зимаи директори мактабҳо ва шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо аст. Аммо ин нукта ба кадом меъёри ҳуқуқӣ асос ёфтааст, зикр карда намешавад.
Ба гуфтаи вазир, пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, оид ба давомоти хонандагони мактаб, дар Вазорат ситоди корӣ ташкил шуда, ҳар рӯзи панҷшанбе вохӯрии онлайнӣ гузаронида мешавад.
“Ҳоло иштироки бачаҳо бениҳоят хуб шудааст. Рӯзе, ки мо дар муассисаҳои таълимӣ санҷиш гузаронидем, танҳо 4,2% хонандагон дар дарсҳо ҳузур надоштанд. Ин танҳо мушкилоти мо нест, дар кишварҳои хориҷӣ, масалан дар Англияву Амрико низ ин мушкилот ҳаст”, - гуфт Раҳим Саидзода.
Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли гузашта дар “Рӯзи дониш” Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар аз ҳозир нашудани хонандгону омӯзгорон ба дарс интиқод карда, роҳи ҳалли ин мушкилиро ҳарчӣ зудтар ба системаи рақамикунонӣ гузаштан номида буд.
“Қонуни мақоми омӯзгор” ва қазияи омӯзгорон
Тибқи иттилои вазири маориф, айни ҳол "Қонуни мақоми омӯзгор" таҳия шуда, дар баррасӣ қарор дорад ва дар моҳҳои наздик қабул хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз ҳадафҳои асосии ин қонун он аст, ки омӯзгорон танҳо ба таълим машғул бошанд ва ба корҳои дигар ҷалб нашаванд.
Ҳамчунин, ӯ гуфт, "ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ба дарси омӯзгор халал расонад, ҳатто вазир".
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли гузашта дар “Рӯзи дониш” Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар ба сохторҳои марбута дастур дод, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Дар ҳамин ҳол, вазири маориф оид ба яке аз қазиҳои латукӯби омӯзгор, ки соли равон рух дода буд, гуфт, Вазорат дар ин бобат ба ВКД муроҷиат кард.
“Нисбат ба зане, ки нисбати омӯзгор зӯроварӣ карда буд, чораҳои маъмурӣ дида шуданд. Вазорат доим муқобили истинтоқи омӯзгор аст ва мо ингуна ҳолатҳоро то охир пайгирӣ мекунем”, - илова кард вазир.
Бозгашти кадрҳо пас аз таҳсил дар хориҷа
Раҳим Саидзода дар посух ба саволи хаабрнигорон оид ба бозгашти донишҷӯёни тоҷик пас аз таҳсил дар хориҷа гуфт, ҳар довталабе, ки тариқи барномаҳои “Дурахшандагон” ё “Россотрудничество” ба хориҷа барои таҳсил фиристода мешавад, зери назорат аст ва пас аз хатми донишгоҳ ҳатман ба кишвар баргашта, дар корхонаву ширкатҳои ватанӣ кор мекунад.
“Ин масъала зери назорати шахсии ман аст, аз ин рӯ метавонам бо боварӣ гӯям, ҷавононе, ки мо ба хориҷ барои таҳсил мефиристем, пас аз хатм ба ватан бармегарданд. Агар пас аз бозгашт онҳоро ба кор қабул накунанд, метавонанд ба мо муроҷиат кунанд, мо дар ин самт мусоидат хоҳем кард”, - гуфт вазир.
Ҳамчунин вазир иттилоъ дод, ки давоми соли 2024 чанд ҳолате шуд, ки ба донишҷӯёни тоҷик бо вуҷуди ба донишгоҳи хориҷӣ дохил шудан, иҷозаи вуруд ба кишвари таҳсилашонро надодаанд.
“Ҳар нафаре, ки бо чунин мушкилот ба мо муроҷиат кард, мо бозпас қабул карда вобаста ба равия ба донишгоҳҳои кишвар фиристодем”, - илова кард вазир.
Таҳсилоти фарогир
Ба иттилои Раҳим Саидзода, моҳи декабри соли гузашта Консепсияи таҳсилоти фарогир барои давраи то соли 2045 аз ҷониби Ҳукумати кишвар тасдиқ шуда, аллакай аз 29 январи соли 2025 таҳсил дар хона оғоз гардид.
Тибқи маълумоти манбаъ, айни ҳол дар Тоҷикистон 1733 нафар имкони ба мактаб рафтанро надоранд.
“Барои ин хонандагон муаллимон вобаста шудаанд, ки ҳар рӯз наздики 3 соат аз рӯйи барномаи махсус дар хонаҳояшон ба онҳо дарс мегӯянд. Ҳамчунин 2596 нафари имконияташон маҳдуд дар 5 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд”, - гуфт вазир.
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ
Як рӯз қабл аз нишаст, Раҳим Саидзода дар як мусоҳибааш ба ҳафтаномаи “Омӯзгор” қайд кардааст, ки баъди анҷоми озмоиш низоми 10-холаи баҳогузорӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар ҷорӣ мегардад.
Ба гуфтаи вазир, айни ҳол озмоиши ин низоми баҳогузорӣ дар 140 мактаб аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷараён дорад.
“Низоми 10-холаи баҳогузорӣ баъди омӯзишу таҳлил ва баррасии коршиносон барои маорифи миллӣ муайян карда шуд, ки метавонад ба ҳама амалҳои муҳассилин баҳогузорӣ карда шавад”, - гуфтааст Саидзода.
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Вазири энергетика 5 шарти расидан ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" дар соли 2027-ро гуфт
“Асоси воқеӣ надорад”. Вазири маорифи Тоҷикистон ба вакили Думаи давлатии Русия посух дод
Муаррифии китобҳои насли нав. Аз китобҳои оддӣ чӣ тафовут доранд ва нархашон чанд аст?
Масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист иддао доранд, ки соли гузашта ҳаво тозатар шудааст
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла карда буд, ба “ифротгароӣ” муттаҳам мешавад
Ҳамаи мусофирону сарнишинони ҳавопаймо ва чархболе, ки дар Вашингтон ба ҳам бархӯрданд, ба ҳалокат расидаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста