Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба садамаи як ҳавопаймо бо чархбол ва марги даҳҳо мусофиру сарнишин он дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ба Доналд Трамп барқияи изҳори тасаллӣ ирсол кардааст.
Дар матни барқияи тасаллие, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп фиристод, аз ҷумла омадааст, ки “хабари фоҷеабори талафоти зиёди ҷонӣ бар асари садама ва суқути ҳавопаймои мусофирбар ва чархболи низомӣ дар фазои Вашингтон боиси андӯҳи амиқи мо гардид”.
“Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям, - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳавопаймои "American Airlines" бо 60 мусофир ва 4 ҳайати сарнишин шоми 29-уми январи соли равон дар наздикии Фурудгоҳи миллии Роналд Рейган дар Вашингтон ба чархболи "Black Hawk"-и артиши Амрико, ки ҳомили се сарбоз буд, бархӯрд. Ҳавопаймо ва чархбол ҳарду ба дарё афтоданд.
Доналд Трамп дирӯз, 30-юми январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳамаи мусофирону сарнишини ҳавопаймо ва чархбол ҷон бохтанд. Дар ин бора Медуза бо такя ба “NBC News” хабар медиҳад.
"Акнун вазифаи ниҳодҳои масъул, пайдо кардани ҷасадҳо аст, зеро касе зинда намондааст", - гуфт ӯ.
Шабакаи телевизионии “CNN” шоми дирӯз, 30-юми январ ба вақти Амрико, ба нақл аз чандин манбаи огоҳ гузориш дод, ки то кунун ҷасадҳои беш аз 40 нафар аз ҷонбохтагони ин ҳодиса аз дарёи Потомак пайдо шудааст.
Иттиҳодияи ҷаҳонии бозиҳои рӯи яхи ИМА хабар додааст, ки дар ҳавопаймо чанд нафар бозигарони рӯи ях, мураббиён ва аъзои оилаҳои онҳо буданд, ки аз Лагери миллии рушд, бахшида ба чемпионати ИМА оид ба бозиҳои рӯйи ях дар шаҳри Уичито (иёлати Канзас) бармегаштанд, менависад Би-Би-Си.
То ҳол ҳадсу гумон дар бораи сабабҳои ҳодиса зиёд аст.
Зимнан, Доналд Трамп пас аз суқути ҳавопаймо ошкоро суол гузошт, ки чӣ гуна чунин бархӯрд имконпазир шуд.
«Ҳавопаймо аз рӯи масири комил ва маъмулӣ барои фуруд дар фурудгоҳ парвоз мекард. Чархбол тӯли муддати зиёд мустақиман ба самти ҳавопаймо ҳаракат мекард. Шаби равшан буд, чароғҳои ҳавопаймо фурӯзон буданд. Чаро чархбол боло ё поён нарафт ё самти худро тағйир надод? Чаро бурҷи назоратӣ ба чархбол нагуфт, ки чӣ бояд кунад, балки танҳо пурсид, ки оё онҳо ҳавопайморо мебинанд? Ин як вазъияти бад аст, ки ба назар мерасад, бояд пешгирӣ мешуд», – навиштааст Трамп дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social”.
Тибқи сабти аудиои гуфтугӯҳо, ки дар вебсайти Live ATC нашр шудааст, диспетчерҳо аз халабони чархбол посух нагирифтанд, ки оё ӯ ҳавопаймои мусофирбарии “American Airlines”-ро мебинад.
Фармондори аёлати Канзас гуфтааст, ки интизор меравад рӯйхати мусофирони ҳавопаймо то нимаи рӯзи ҷумъа нашр шавад.
Интизор меравад, гузориши ибтидоиро давоми 30 рӯз омода кунад.