Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дирӯз, 9-уми апрел, дар Кохи Сафед бори дигар ҳушдор дод, ки дар “сурати зарурати амалиёти низомӣ” барои пешгирии дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, амалиёти низомӣ алайҳи ин кишвар оғоз хоҳад шуд ва онро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард. Эрон мегӯяд, омодааст ҳар замонате лозим бошад, ки дунболи бомби ҳастаӣ нест, диҳад, аммо дар музокироти ғайримустақим ва боиззат.

Ба иттилои ВВС, Трамп таъкид кардааст, ки “хоҳони пешрафт ва шукуфоии Эрон аст ва танҳо хостааш пешгирии дастёбии ин кишвар ба силоҳи ҳастаӣ мебошад”.

Ин изҳорот дар остонаи мулоқоти Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон бо Стив Уиткофф, фиристодаи махсуси президенти ИМА, ки дар назар 12-уми апрел, дар Умон доир шавад, садо дод.

Трамп дар посух ба савол дар бораи ин мулоқот гуфт, “ин оғози раванди музокирот аст. Каме вақт дорем, вале фурсати чандоне надорем. Ба ин хотир нахоҳем гузошт ба силоҳи атомӣ даст ёбанд. Аммо мехоҳем пешрафт кунанд”.

Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, дидори рӯзи 12-уми апрел дар Умон танҳо як мулоқот барои баррасии имкони музокира аст. Бо вуҷуди исрори Амрико бар мустақим будани ин музокирот, Эрон онро ғайримустақим мехонад.

 

Стив Уиткофф ва Аббос Ароқчӣ

“Омодаем замонат диҳем, аммо иззат мехоҳем”

Ба иттилои ВВС, пештар аз ин Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, таъкид кардааст, ки ин музокирот "ғайримустақим" ва бар асоси тавсияҳои роҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ хоҳад буд.

“Роҳбарӣ фармуданд омодаи музокира ҳастем, на ба шакли мустақим чун эътимод надорем... Мо ғайримустақим ва бо иззат ва сарбаландӣ гуфтугӯ мекунем. Ҳар замонате лозим бошад, ки мо дунболи бомби ҳастаӣ нестем, медиҳем”, - гуфтааст Пизишкиён.

Дар ҳамин ҳол, Кэролайн Ливит, сухангӯи Кохи Сафед, рӯзи 9-уми апрел аз номи Трамп гуфтааст, “эрониҳо агар масири дипломатия ва тавофуқро пеш нагиранд, бо паёмадҳои бисёр ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд”.

Биняамин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дирӯз пас аз тарки Кохи Сафед ҳушдор додааст, ки агар музокироти ҳастаӣ миёни Эрон ва Амрико беш аз ҳад тӯл кашад, “гузинаи низомӣ ногузир хоҳад буд”.

Дар бораи таҳдидҳои қаблии Трамп ва дастури омодабоши Хоманаӣ дар маводи “Шиддати таниш миёни Амрико ва Эрон. Ҳаракати техникаи ҳарбии ИМА ба Ховари Миёна ва фармони омодабош дар Эрон” муфассал мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.