Як корманди мақомоти масъули тақсимоти барқ дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки баъди як-ду рӯзи оянда маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар бекор мешавад. Ин имкон дар пайи гарм шудани ҳавову боришоти борон ва зиёд шудани оби дарёи Вахш фароҳам омадааст.

Муҳаммад Ғуломов, мудири Раёсати назорати тақсимоти барқ дар ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ки масъули тақсимоти барқ дар кишвар аст ва реҷаи интиқоли онро ба аҳолӣ муайян мекунад, гуфт, “рӯзҳои охир воридшавии об аз ҳисоби боришоти борон ва гарм шудани ҳаво дар дарёи Вахш зиёд шудааст ва дар як-ду рӯзи оянда маҳдудияти барқ пурра бекор мешавад”.

Ӯ таъкид намуд, ки “маҳдудияти интиқоли барқ ба аҳолӣ имрӯз бояд бекор мешуд, аммо бо баъзе сабабҳо каме ба таъхир уфтод”.

Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ҶСК “Барқи тоҷик” низ тасдиқ кард, ки бекор кардани маҳдудияти интиқоли барқ ҳоло мавриди баррасӣ аст”, аммо аз санаи мушаххасе ном набурд.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон ҳар сол бо оғози мавсими сардӣ дар интиқоли барқ ба аҳолӣ, махсусан дар манотиқи кишвар, маҳдудият ва ё ба қавли миёни мардуи маъмул, “лимит” ҷорӣ мешавад ва он то нимаи баҳор, маъмулан то моҳи апрел идома меёбад. Дар ин муддат ба аҳолии манотиқи кишвар бо реҷаи муайян, яъне чанд соат дар як шабонарӯз барқ дода мешавад.

Солҳои пеш “Барқи тоҷик” вуҷуди маҳдудият дар интиқоли барқро дар рӯзҳои аввал эътироф намекард, аммо баъди оғози фасли зимистон, шикояти сокинон ва интиқоди раиси ҷумҳур ҳамакнун аз оғози маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинон расман хабар медиҳад.

Соли ҷорӣ аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуд. Он замон ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон карда буд.

Дертар Вазорати энергетика ва захираҳои об муқаррар кард, ки аҳолӣ дар як шабонарӯз бояд бо 10 соат барқ таъмин карда шавад, аммо ин реҷа аз нимаи дуюми моҳи феврал риоя нашуд ва масъулини “Шабакаҳои интиқоли барқ” эътироф карданд, ки реҷаи муайянкардаи Вазорати энергетика ва захираҳои об риоя нашуд. Ва сабаби инро ба сардии ҳаво рабт дода буданд.

Қаблан масъулини Вазорати энергетикаи кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфт, ки соли 2027 мушкили барқ пурра бартараф мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.