Нафаре, ки ба Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо корд ҳамла карда буд, ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад. Дар ин бора худи муфтии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Муфтии кишвар гуфт, ки аллакай парванда ба додгоҳ ирсол ва мурофиаи аввалин баргузор шуд.
“Ман гуфтам, ки Худо ҳидояташ кунад. Ҳоло суд идома дорад. Давраи аввали суд даъват шудам, ман ҳамон рӯзҳо банд будам, рафта натавонистам, намояндаи худро равон кардам. Намоянда гуфт, ки хеле мегирист ва пушаймон буд. Мегуфт, ки манро васвос карданд, таҳрик доданд, гумроҳ карданд, ман нафаҳмидам, ки чӣ кор кардам. Гуфтааст, ки аз номи ман аз ҳазрати муфтӣ узр бихоҳед, бисёр пушаймонам. То ҳол бо ӯ дидор надоштам”, - гуфт Абдулқодирзода.
Ӯ дар посух ба саволи батакрори рӯзноманигорон дар мавриди он ки дар асоси кадом модда гумонбар шудани ҳамлагар кӯтоҳ гуфт, ҷинояте аст, ки “аз ҷониби гурӯҳи ифротӣ” содир шудааст.
Бояд гуфт, ки рӯзи 11-уми сентябр наздикии шом як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кард, ки дар натиҷа муфтии кишвар дар пешиниаш захм бардошт.
Вазорати корҳои дохилӣ он замон гуфт, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд ба муфтӣ ҳамла карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кард ва бар зидди ӯ “парвандаи ҷиноятӣ” боз кардаанд. Аммо ному насаби он ҷавонро зикр накард ва нагуфт, ки бар зидди ӯ бо кадом модда парванда боз шудааст.
Абдулқодирзода бо гузашти бештар аз як моҳ, рӯзи 17-уми октябр, ҳодисаро шарҳ дода, дар бораи ин ҷавон гуфта буд, “он ҷавон яке аз ифротагроён буд”.
“Як гурӯҳ, як маҷмӯа, ҷавонони камсаводи каҷфаҳм. Гӯё, ки хидмати ислом кардаанд. Ҳамин гурӯҳҳои тундрав, аслашонро бубинед, мусалмон нестанд. Инҳоро ба воситаи интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунанд. Ҳамон одамҳоеро, ки инҳоро даъват кардаанду роҳнамоӣ кардаанду инҳо анҷом додаанду ё ки маблағҳои муайяне ваъда кардаанд, аслан аз пеш надидаанд”, -илова мекунад раиси Шӯрои уламои кишвар.
Ӯ низ ҳувияти ҷавони ҳамлаварро ошкор накарда буд.
Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон то ҳол аз ҷараёни тафтиши ин ҳамла ва раванди баррасии парванда маълумоти иловагие ироа накардааст.
Ёдовар мешавем, ки Саидмукаррам Абдулқодирзодаи 61-сола аз моҳи октябри соли 2010 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аст ва дар мавъизаҳои худ ҳамеша аз пешгирии ифротгароӣ, фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро нашудани ҷавонон суҳбат мекунад.
Масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист иддао доранд, ки соли гузашта ҳаво тозатар шудааст
Ҳамаи мусофирону сарнишинони ҳавопаймо ва чархболе, ки дар Вашингтон ба ҳам бархӯрданд, ба ҳалокат расидаанд
Нигаронии додситони минтақаи Кӯлоб аз афзоиши чашмраси худкушӣ ва сӯиқасд ба он дар минтақа
Вазир гуфт, дар мактабҳо 281 омӯзгор намерасад ва соҳа ба беш аз 4 ҳазор муаллим эҳтиёҷ дорад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ишқи ғуломи ҳиндӣ ба духтари арбоб”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 январи соли 2025
Соли гузашта Тоҷикистон ба куҷо, чӣ қадар ва бо кадом нарх барқ фурӯхт?
Дар Чувашистони Русия ҳам кор барои муҳоҷирон дар чандин соҳаро манъ мекунанд
Қариб 150 шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати муҳоҷироне, ки Амрико мехоҳад онҳоро ихроҷ кунад
Беш аз 10 қонуни нав. Акнун муҳоҷирони тоҷикро дар Русия чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста