Мақомоти маҳалии Суғд дарёфти ҷасади як занро аз дарёи Сир, ки боиси нигаронӣ ва сару садо байни сокинон гардида буд, шарҳ доданд. Онҳо гуфтанд, зан кушта шудааст, вале куштори ӯ ба ҳодисаҳои Конибодом рабте надорад. Дарёфти ҷасади ин зан дар рӯзҳои ҳодисаҳои Конибодом боиси сару садо байни мардум шуд ва овозаҳо паҳн гардид, ки зан эҳтимол сокини ин шаҳр ва идомаи кушторҳои бераҳмона аст.
Муҳиддин Абдусамадов, сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нишасти матбуотии ҳукумати ин ноҳия аз ин зан Нориниссо Раззоқоваи 37-сола, сокини ҷамоати Хистеварзи Бобоҷон Ғафуров ном бурд, ки муваққатан дар шаҳри Бӯстон мезист.
Ӯ гуфт, ки баъди дарёфти ҷасад маълум шуд, ки зан кушта шудааст.
Ба иттилои вай, аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии рақами 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду нафар ҳамчун гумонбар дар куштори ин зан боздошт гардида, тафтишот идома дорад.
Муҳиддин Абдусамадов бо ишора ба он ки марҳум вақтҳои охир дар шаҳри Бӯстон мезист, аз додани ҳар гуна ҷузъиёти дигар, аз ҷумла омилҳои куштор худдорӣ кард.
Аз ин рӯ, хабарнигори “Азия-Плюс” имрӯз, 31-уми январ дар нишасти матбуотии раиси шаҳри Бӯстон ҷузъиёти ин ҳодисаро пурсид.
Муҳаммадшоҳ Искандарзода, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ин шаҳр гуфт, ки “ҳодиса рӯзи 21-уми декабри соли 2024 рух дод ва як зану шавҳар ба буғи кардану куштан ва ба дарёи Сир партофтани ин зан гумонбаранд".
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345274/%D0%A8%D0%BE%D2%B2%20%D0%B8%D1%81%D0%BA%D0%B0%D0%BD%D0%B4%D0%B0%D1%80.jpg)
“Дар пайи бурдани корҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ санаи 22-уми декабр шахсияти ҷасад маълум ва 23-уми декабр ҷиноят пурра ошкор гардид. Маълум шуд, ки ӯ оилаи дуввуми як мард буд ва онҳо дар шаҳри Бӯстон зиндагӣ мекарданд. Вақте оилаи якуми ин мард аз Русия бармегардад, аз муносибати онҳо хабардор шуда, инро манъ мекунад. Ҳамсари якуми мард, Нориниссоро ба хонааш дар ҷамоати Хистеварз даъват мекунад. Дар натиҷа, муноқиша сар мезанад ва зану шавҳар якҷоя Нориниссоро буғӣ карда, мекушанд ва ба Сирдарё мепартоянд”, - шарҳ дод ҳодисаро Муҳаммадшоҳ Искандаров.
Ёдовар мешавем, ки ҷасади Нориниссо Раззоқова замоне пайдо шуд, ки дар шаҳри Конибодом кушторҳои пайдарпай мардуми минтақаро ба ташвиш гузошта буд. Азбаски дарёи Сир аз назди шаҳри Конибодом мегузарад, гумон мешуд, ки ин ҳодисаҳо бо ҳам алоқаманд аст.
То ҳол назари пайвандони зани кушташуда ва гумонбарон дар бораи ҳодиса маълум нест.
Дар бораи хроникаи кушторҳо дар Конибодом, гумонбарони боздоштшуда ва андешаи пайвандони онҳо, иттилои расмии мақомот дар матлаби “Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом” мутолиа кунед.
САҲА интихоботи Тоҷикистон назорат намекунад. Ин ба раванди интихобот чӣ таъсир мерасонад?
Парвози нахустини ҳавопаймо аз Душанбе ба Рашт низ анҷом ёфт
Соли 2024 қарздиҳӣ ба ипотека дар “Амонатбонк” ба таври назаррас афзудааст
Баста шудани ҳисобҳои бонкӣ, боздошт ва аз кор рондан. Муҳоҷирон аз иштибоҳҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия шикоят кардаанд
Ҷазои чанд соҳибкор дар Суғд барои фиреби истеъмолкунандагон
Як зодаи Тоҷикистон дар Русия кӯдаки 11-моҳаро аз марг наҷот додааст
Қарзи “Агроинвестбонк” ва тақсими замин. Баҳсҳои соли 2024 дар Додгоҳи олии иқтисодӣ
Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон кадом тарҳҳоро амалӣ кард?
Афзоиши назарраси истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон дар соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста