Раҳим Саидзода, вазири мориф ва илми Тоҷикистон ба суханони Сергей Миронов, вакили Думаи давлатии Русия дар бораи истифодаи истилоҳи “истилои Русия” дар китоби таърих дар макотиби Тоҷикистон посух дод ва гуфт, он “асосӣ воқеӣ надорад”.

Сергей Миронов, роҳбари эътилофи “Русия боадолат–Барои ҳақиқат” дар Думаи давлатии Русия 14-уми январи соли 2025 зимни ҷаласаи ин ниҳод аз он нигаронӣ кард, ки дар мактаби миёнаи ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Бохтари Тоҷикистон барои синфҳони 5-9 аз китоби таърихе истифода мешавад, ки дар он истилоҳи “истилои Русия” истифода шудааст.

Вазири мориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки китоби гуфтаи вакили Думаи давлатии Русияро хондаву таҳлил кардааст ва “суханҳое, ки Миронов гуфтааст, умуман нест”.

Раҳим Саидзод аз тарафи дасти чап
Акс аз Asia-Plus

“Ин маълумот соли 2024 дар расонаҳо пайдо шуд. Ман бо ҳамтои худ, яъне вазири маорифи Русия С.С. Кравтсов суҳбат доштем. Як вохурии онлайнӣ ҳам ташкил кардем, ки дар он намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар низ ҳузур дошт. Ин масъаларо пурра омӯхтем... Намояндаи Думаи давлатии Русия Миронов китоби синфи 9-ро дар назар дорад. Он китоби таърих ва бо забони русӣ аст. Мо китобро дидем ва таҳлил кардем. Он суханҳое, ки Миронов гуфтааст, дар китоб умуман нест... Бори дигар дидем, он истилоҳоте, ки вакили думаи давлатии Русия гуфтааст, умуман истифода нашудааст, асоси воқеӣ надорад”, - гуфт Раҳим Саидзода.

Ӯ ҳамчунин, зикр кард, ки ҳамаи маълумотро ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд ва ин ниҳод фикру андешаашро иброз хоҳад кард.

Бояд гуфт, пештар аз ин, 5-уми октябри соли 2024, Михаил Матвеев, вакили дигар Думаи давлатии Русия низ нигаронӣ карда буд, ки дар китобҳои таърихи Тоҷикистон ҳамроҳшавии Туркистон ба империяи Русия бо истилоҳоти “ҳуҷум”, “ишғол” ва “истеъмор” тавсиф мешавад.

Он замон Шоҳин Самадӣ, сардори Раёстаи иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба навиштаи Михаил Матвеев вокуниш карда, гуфт, “ин суханҳо ба сиёсати байни Тоҷикистону Русия латма хоҳад зад” ва ба вакили Русия тавсия дод, ки “китоби дарсии "Таърихи Русия" қисми 1, барои синфи 9-ро, ки аз тарафи мақомоти масъули Русия барои хонандагони муассисаҳои таълимии Русия тавсия шудааст, мутолиа кунад.

"Бигзор ба саҳифаҳои 154 ва 155-и ин китоби дарсӣ таваҷҷуҳ кунад”, ки дар он истилоҳи “геносид” (наслкушӣ)-и солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон истифода шудааст ва ин “ин барангехтани воқеии кинаву адовати байни миллатҳо” мебошад", - гуфта буд ин масъули ВКХ Тоҷикистон.

Шоҳин Самадӣ ҳамчунин гуфт, ки “дар асл шунидани чунин суханҳо аз шахсе, ки бо тоҷикситезӣ ва муҳоҷирбадбинии худ машҳур шудааст, ҳайратовар нест” ва ҳадафи ин баёнияи баҳсбарангезу тоҷикситезонаи Матвеев “бозӣ бо эҳсосоти интихобкунандагони “зудбовар”и худ” аст, ки ба ӯ овоз додаанд, то вакили Думаи давлатии Русия интихоб шавад.

Ёдовар мешавем, ки Сергей Миронов ва Михаил Матвеев аз вакилони муҳоҷирситези Русия ҳастанд ва бо пешниҳодоту изҳороти муҳоҷирситезонаи хуш шинохта шудаанд. Қаблан аз забони онҳо ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои зиёд нисбати муҳоҷирон дар Русия садо дода буд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.