Аз 21-уми январи соли 2025 Солеҳа Холмаҳмадзода, ки то ин дам вакили парлумон буд, ба курсии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон нишаст. Ӯ ҷойгузини Гулнора Ҳасанзода гардид, ки дар солҳои охир ин ниҳодро роҳбарӣ мекард. Ҳасанзода баъди чанд соли фаъолият дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ба нафақа гусел карда шуд.

Солеҳаи Холмаҳмадзода 27-уми июли соли 1976 дар шаҳри Турсунзода таваллуд шудааст. Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимиро хатм намуда, соҳиби тахассуси муҳандис-технолог-механик шуд. Баъдан, соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ба итмом расондааст.

Роҳи касбии Солеҳа Холмаҳмадзода ба соҳаҳои ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ рабт дорад. Ӯ дар гузашта вакили дифоъ буд ва ҳамчун сардори шуъбаҳо дар муассисаҳои давлатӣ, инчунин, муовини раиси шаҳри Турсунзода фаъолият кардааст. Пас аз ин, ӯ вакили парлумони кишвар интихоб шуд. Фаъолияти ӯ ҳамеша ба беҳтар кардани дастгирии иҷтимоӣ ва рушди қонунгузорӣ дар бахшҳои ҳуқуқи занон ва кӯдакон равона гардидааст.

Ҳамкорон ва шарикони Солеҳа Холмаҳмадзода ӯро ҳамчун шахси боэътимод, касбӣ ва ғамхор тавсиф мекунанд. Яке аз ҳамкорони пешинааш гуфт, ки “ӯ ҳамеша барои муҳокимаи масъалаҳои муҳими ҷомеа омода буд, ҳатто берун аз вақти корӣ. Ҳар куҷое ки мерафт, занон ба ӯ муроҷиат мекарданд, чун медонистанд, ки ӯ ба онҳо дар ҳолатҳои душвор кӯмак хоҳад кард".

 

Ба роҳнамоии падар

Онҳое, ки ӯро мешиносанд, нақл мекунанд, ки падари ӯ, ки сардори милисияи шаҳр буд ва ӯ барои Солеҳа Холмаҳмадзода намунаи ростқавлӣ ва принсипнокӣ буд. Баъди хатми донишгоҳ ва оғози фаъолияти касбӣ, ӯ ба духтараш маслиҳате дод, ки то ҳол дар хотираш боқӣ мондааст:

"Мебинӣ, гарчанде ман сардори милисия будам, сарватманд нашудам. Мо бо маош ва кори хоҷагии ёрирасон зиндагӣ мекардем. Ҳеҷ гоҳ моли бегона нагир. Ҳама чизро бо меҳнати худ ба даст биёр".

 

Аз роҳбари ҷавонон то парлумон

Фаъолияти касбии Солеҳа Холмахмадзода аз вазифаи раиси Ташкилоти ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оғоз гардид. Баъдан, ӯ худро дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ нишон дод, дар вазифаҳои ёвари адвокат, таҷрибаомӯз ва сипас узви Коллегияи адвокатҳои  Тоҷикистон фаъолият дошт. Вай ҳамчун адвокат дар ноҳияи И. Сомонӣ кор карда, инчунин дар маркази «Бӯҳрони эътимод ба фардо» назди Кумитаи кор бо занон ва оила кор кардааст.

Таҷрибаи роҳбарии ӯ инчунин, ба фаъолияти роҳбари шӯъбаи ташкиливу ҳуқуқӣ ва сардори шӯъбаи кадрҳои филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотиву технологии «МИСиС» рабт дорад.

Аз моҳи июни соли 2015 то соли 2020, Холмаҳмадзода дар вазифаи муовини раиси шаҳри Турсунзода кор кард ва масоили рушди иҷтимоӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеаро назорат менамуд.

Соли 2022, ӯ рисолаи илмии худро дар мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдаконе, ки бе парастории волидайн мондаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ ва ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ҳимоя намуд.

Баъд аз фаъолияти муваффақ дар сохтори ҳокимияти иҷроия, Солеҳа Холмаҳмадзода ҳамчун вакили палатаи поёнии парлумон интихоб гардид. Дар ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, ӯ фаъолона дар такмили заминаи ҳуқуқии кишвар ширкат варзид.

Ба гуфтаи Солеҳа Холмаҳмадзода, ҳадафи асосии ҷомеа ва давлат бояд таъмини таҳсилоти босифат ва тарбияи насли ҷавон бошад.

 

Вазорат таҳти роҳбарии ӯ чӣ интизорӣ дорад?

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ як ниҳоди калидӣ мебошад, ки ба зиндагии миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон таъсир мерасонад. Вазифаҳои асосии он иборатанд аз таъмини шуғл, эҷоди ҷойҳои нави корӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва беҳтар намудани шароити меҳнат.

Таҷрибаи бисёрсолаи ӯ дар соҳаҳои иҷтимоии муҳим, таҳқиқоти илмӣ ва дониши амиқи мушкилоти ҷомеа асос медиҳанд, ки роҳбарии ӯ бо прагматизм ва дурбинӣ фарқ хоҳад кард.

"Азия-Плюс" дар як мақолаи алоҳида мубрамтарин мушкилоти соҳаро ҷамъоварӣ кард, ки вазири нав метавонад барои ҳалли он кмасар бандад: “Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон

 

Гулнора Ҳасанзода дар соҳаи меҳнат ва муҳоҷират чӣ тағйирот ворид кард?

Гулнора Ҳасанзода, ки 13 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, моҳи январи соли 2023 ба вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъин гардид. Оғози кораш дар ин вазифа бо ислоҳоти фаъолонаи соҳаҳои калидии шуғл, муносибатҳои меҳнатӣ ва муҳоҷират аломатгузорӣ шуд.

Дар соли аввали фаъолияташ Ҳасанзода ташаббускори таҳияи 15 лоиҳаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ гардид. Ин ҳуҷҷатҳо барои ташкили асосҳои ҳуқуқии шаффоф дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва равандҳои муҳоҷират, инчунин барои баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ равона шудаанд.

Яке аз дастовардҳои асосӣ таъсиси марказҳои муосири таълимӣ дар Хуҷанд, Данғара ва Хоруғ гардид. Ин марказҳо мутахассисонро барои соҳаҳои серталабот, аз ҷумла насби панелҳои офтобӣ, корҳои кафшерӣ ва сабзавоткорӣ омода менамоянд. Зиёда аз 50 ҳазор нафар омӯзишҳои касбиро гузашта, имкони шуғли худро ба таври назаррас баланд бардоштанд.

Ғайр аз ин, таҳти роҳбарии Ҳасанзода стратегия дар соҳаи муҳоҷират то соли 2040 қабул гардид, ки ҳамчун асоси идораи равандҳои муҳоҷират дар дарозмуддат хизмат хоҳад кард.

Ҳамкоронаш принсипнокӣ, адолатнокӣ ва қатъияти вазирро қайд мекунанд, ки ин ба ҳалли самараноки як қатор вазифаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мусоидат намуд.

Вале бо ин вуҷуд мушкили кору муҳоҷиарт дар кишвар боқӣ монд ва акнун вазири навро мебояд, ки барои ҳалли он дасту панҷа нарм кунад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.