Чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “WhatsApp” паёме мечархад, ки гӯё як гурӯҳ ба манзили сокинон рафта, худро кормандони милитсия муаррифӣ мекунанд ва бо роҳи фиреб онҳоро ғорат мекунанд. Маълум шуд, ки чунин паёмро мақомот ирсол накардааст ва он асоси воқеӣ надорад.

Дар паём бо чанд ғалати имлоӣ, аз ҷумла гуфта мешавад, ки “ин гурӯҳ ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои дорои рамзҳои Вазорати корҳои дохилиро бо худ доранд ва изҳор медоранд, ки онҳо бояд мавҷудияти шаҳодатномаҳои эътибори ҳамаи сокинонро тафтиш кунанд ва биометрияро дар арафаи "барӯйхатгирии аҳолӣ" бардоранд... Онҳо метавонанд либоси ВАЗОРАТИ корҳои дохилиро пӯшанд. Онҳо нияти гирифтани акс/изи ангушти шуморо "дар доираи ягон схема"изҳор мекунанд. Онҳо ноутбук, дастгоҳи биометрикӣ ва рӯйхати сокинонро бо худ доранд. Онҳо ин рӯйхатро нишон медиҳанд ва хоҳиш мекунанд, ки ҳамаи ин маълумотро пешниҳод кунанд”.

“Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дурустии ин паёмро пурсид.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки чунин хабари паҳнгардида асоси воқеӣ надошта, он аз ҷониби афроди ғаразнок бо мақсади ба ташвиш овардани шаҳрвандон паҳн карда шудааст.

“Вобаста ба ҳолати мазкур мақомоти корҳои дохилӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки хабари паҳнгардида асоси воқеӣ надошта, он аз ҷониби афроди ғаразнок бо мақсади ба ташвиш овардани шаҳрвандон паҳн карда шудааст” - шарҳ доданд дар РВКД-и пойтахт.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват кард, ки “ба ҳар гуна овоза ва хабарҳои беасос эътимод накарда, танҳо ба маълумот ва хабарҳои расмӣ, ки тавассути воситаҳои ахбори омма нашр мегарданд, бовар кунанд”.

ВКД

Бояд гуфт, ки чунин паёмҳо ҳанӯз моҳи майи соли ҷорӣ низ дар паёмрасонҳо паҳн гардида буданд. Он вақт низ РВКД-и шаҳри Душанбе бо нашри изҳороте дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сокинон хоста буданд, “ба ҳар гуна овозаву хабарҳои беасос бовар накунанд ва ба хабарҳои расмӣ эътимод дошта бошанд”.

Ба иттилои милитсияи пойтахт, сабаби дубора паҳн шудани ин паём аз ҷониби худи шаҳрвандон ба якдигар ирсол кардани он аст, ки дар натиҷа пайдо кардани сарчашмаи ин гуна хабару овезаҳо номумкин мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.