Бар асари зарбаи раъду барқ се нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ - хоҳарон Нигина Саидоваи 28-сола ва Марҳабо Саидоваи 17-сола дар ҷойи ҳодиса ва Мавлуда Саидоваи 23-сола баъдтар дар бемористон ба ҳалокат расиданд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 8 июн дар деҳаи Тоҷикободи ҷамоати Зайнабобод рух додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми зарбаи раъду барқ ҳар се нафар хоҳарон дар ҳавлии манзили зисташон қарор доштаанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки рӯзи 8 июн бар асари лағжиши хоку гил дар ноҳияи Ёвон духтари 7-сола фавтидааст, ки бо ҳамсолаш зери теппа бозӣ доштааст. «Наҷоти яке аз духтарон муясссар шуда, духтари дигар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид», - гуфт манбаъ.