Мақомоти тафтишот якчанд фарзияи кушта шудани соҳибкорзани 52-солаи душанбегиро баррасӣ дорад ва тибқи яке аз фарзияҳо, эҳтимол дорад, ин куштор бо фармоиши рақибони ӯ сурат гирифта бошад.
Гулнора Носироваи 52-сола рӯзи 2 март кушта шуда, ҷасади ӯро нимаи рӯз дар дохили автомашинааш назди оромгоҳи деҳаи Дурманбулоқи ҷамоати Лучоби ноҳияи Варзоб дарёфт карданд. Ин зан муддати тӯлонӣ ба савдои маснӯоти тиллоӣ машғул буда, дар шаҳри Ҳисор ва мааллаи 82-юми пойтахт якчанд мағоза доштааст.
Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 23-солаи ноҳияи Восеъ, донишҷӯи яке аз макотии олии пойтахт боздошт шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи расонаимустақили аkhbor.com, зане, ки дар манзили Гулӣ дар маҳаллаи 82-юми Душанбе хидмат мекард, гуфтааст, ки ӯ субҳи 2 март шир харида овард ва ҷомадони тиловориашро гирифта, берун шуд, ки ба ҷои кораш ба Ҳисор биравад. Ӯ гуфтааст, охирин садое ки шунид, овози доду фарёди Гулӣ аз дохили мошин буд.
Ин зан як ҷавони ҳамсояро фиристодааст, ки бубинад, чӣ гап аст? Вале ин ҷавон вақте мерасад, ки дар пушти фармони мошин алакай он ҳамлагар нишаста будааст ва дарро маҳкам карда, мошинро бошаст аз саҳни ҳавлӣ рондааст.
Лаҳзаи ба мошини Гулӣ нишастани қотил ба яке аз дурбинҳои шабакаи "Шаҳри бехатар”-и Душанбе афтодааст. Дар ин навор дида мешавад, ки як ҷавон, ки дар тан шими сиёҳ ва толстовкаи сафед дорад ва кӯлоҳи толстовкаашро маҳкам ба сар кашидааст, пайдо шуда, дуздона ба тарафи мошини он зан меравад ва аз дари пеш савор мешавад.
Манобеи наздик ба хонаводаи Гулӣ гуфтаанд, ки ҷараёни кашмакаши ӯ бо кушандааш дар навори видеорегистратори мошин низ сабт шудааст ва ин навор ҳоло дар дасти тафтишот аст. Онҳое ки ин наворро дидаанд, мегӯянд, ки "қотил баробари дохили мошин шудан ба гардани Гулӣ корд зада, гулӯяшро буридааст. Сипас чандин зарбаи дигар ба сару рӯву гардан ва шикамаш задааст. Гулӣ дар талвосаи наҷоти ҷон бо даст аз корди он ҳамлагар доштааст ва дар дасташ ба ин далел захми чуқури корд боқӣ мондааст.”
Ду сол пеш духтари 18-солаи ин тилофурӯш низ ба таври бераҳмона дар манзили онҳо дар маҳаллаи "Гидроизол”-и Ҳисор кушта шуда буд. Қотилони ӯро то ҳол пайдо накардаанд.
Дар гузашта низ дар Тоҷикистон куштори онҳое, ки ба тиҷорати ҷавоҳирот машғуланд, рух додааст. Пурсарусадотарин чунин ҳамла қатли Аҳмадхӯҷа Бобоев бо зану се фарзандаш дар моҳи июни соли 2013 дар шаҳраки Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буд. Ғоратгарони мусаллаҳ бо автомати Калашников шабона вориди манзили Бобоевҳо шуда, ҳамаи онҳоро куштанд ва тиловориву пулашон ба маблағи 30 ҳазор долларро ба яғмо бурданд. Қотилони ин хонаводаи тилофурӯшҳоро баъди ду сол пайдо карданд.