Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар қатли бераҳмонаи ҷавонзан, сокини 42-солаи ноҳияи Восеъро боздошт намуданд, ки қаблан барои ҷинояти таҷовуз ба номус маҳкум шудааст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, сокинони деҳаи Пули Сангини шаҳри Норак рӯзи 8 март дар поёни яке аз ҷариҳо ҷасади ҷавонзанеро бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт мекунанд.
Зимни тафтишотмуайян карда мешавад, ки ин ҷасади зани 27-солаи сокини ноҳияи Ёвон С.Г. аст. Ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят сокини 42-солаи ноҳияи Восеъ Баҳром Сафаров ба ҳабс гирифта шудааст.
«Шаби 7 марти соли равон онҳо дар шаҳри Душанбе дар дохили автомашина машруботи спиртӣ истеъмол карда, байнашон муноқиша сар мезанад ва Баҳром Сафаров бо мушт ба сару рӯи зан зада, ӯро аз по меафтонад ва дар ҳолати беҳушӣ дохили автомашинаи «Старекс» мегузорад, ки ба худи ӯ тааллуқ дошт ва сипас гузошта ба хонааш меравад», - омадааст дар маълумоти ВКД.
Гуфта мешавад, субҳи рӯзи дигар аз хавфи он, ки С.Г. ба мақомоти милитсия хабар надиҳад, ӯро бо ресмон бӯғӣ карда, ба ҳалокат мерасонад ва барои рӯйпӯш кардани ҷинояти содиркардааш ҷасадро ба самти шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар роҳи автомобилгарди ағбаи Шар-Шар, дар километри 60-уми ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак ба ҷарӣ мепартояд ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далели мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳри Норак парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.