Дар шоҳроҳи Бишкек - Ош як микроавтобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон ба садамаи нақлиёт дучор шуд, менависад Turmush.
Бино ба иттилои манбаъ, садама субҳи барвақти ҳамин рӯз, 7 ноябр дар мавзеи деҳоти Отуз-Адири ноҳияи Қара-Суй, дар километри 15-уми роҳи мошингарди Бишкек - Ош ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, бар асари бархӯрди автомашинаи тамғаи «Ниссан Алмера» бо микроавтобуси «Мерседес-Бенс-Спринтер» 5 нафар осеб дида, ҳамаашон ба бемористон фиристода шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар микроавтобус 6 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва бор қарор дошта, тибқи маълумоти пешакӣ, онҳо аз Русия бармегаштаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.