Бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт рӯзҳои истироҳат дар минтақаи шимоли кишвар ду шахси калонсол ба ҳалокат расиданд.

Тавре аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Комбо», сокини 38-солаи шаҳри Хуҷанд Насим Исмоилов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сокини шаҳр Лутфӣ Раҳимоваи 61-соларо бо автомашинааш пахш мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида дар бемористон ҳалок шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини 39-солаи ноҳияи Шаҳристон Мирзо Ниёзмаҳмадов дар роҳи деҳоти Сароб бехатарии ҳаракати нақлиётро таъмин карда натавониста, сокини 71-солаи деҳоти Гулистон Улмас Мирқосимов зери чархи автомашинааш мемонад ва дар ҷойи ҳадиса ба ҳалокат мерасад.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, соли 2017 дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли кишвар 321 ҳодисаи садамаи накқлиёт рух дода, бар асари онҳо 140 нафар ҳалок ва 320 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Дар 78 садама 24 нафар кӯдак ҳалок ва 64 нафар кӯдак ҷароҳат бардоштааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.