Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ронандагони нақлиёти ҷамъиятии шаҳрро барои пахши пиёдагардон ва дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти Раёсат, ронандаи маршруткаи №28 Исроил Рустамови 32-сола рӯзи 18 феврал дар кӯчаи Борбад пиёдагарди 49-сола, сокини шаҳри Кӯлоб Рухсорамоҳ Ҳасановаро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Аз ҷароҳатҳои бардошта зан дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд. Ронанда баъди чанде боздошт шуд.

Ғайр аз ин, кормандони БДА-и шаҳр аз рӯи далели идораи автомашина дар ҳолати мастӣ аз машрубот ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Старекс», маршруткаи №25 Шарифҷон Ғайбровро низ боздошт намудаанд.

Гуфта мешавад давоми рӯзҳои аз 12 то 18 феврал кормандони БДА 8 ронандаро дар ҳолати сархушӣ аз шароб дар қаламрави Душанбе боздошт кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.