Ронандаи автомашинае, ки дар Душанбе кӯдаконро пахш намуда, ба ҳалокати онҳо боис гардид, ба рондани воситаи нақлиёт ҳуқуқ надошт.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шоми санаи 22-юми феврал ронандаи автомашинаи номаълум, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Абайи шаҳри Душанбе, дар болои гузаргоҳи танзимшаванда қоидаҳои бехатарии харакат дар роҳро дағалона вайрон намуда, пиёдагардони хурдсол Ҳамза Норови 10-сола ва Дилноза Нороваи 11-сола, сокинони пойтахтро пахш намуд.
«Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, мутаассифона пиёдагардони хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд», - омадааст дар маълумоти РВКД.
Гуфта мешавад, зимни гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир шуда, муайян гардид, ки ин ҷиноятро ронандаи автомашинаи тамғаи “Ауди” ва бе шаҳодатномаи ронандагӣ сокини пойтахт, шаҳрванд Маъруф Шарифови 25-сола содир намудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ронандаи фирорӣ барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ маводҳои аввалиндараҷа тартиб дода шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Мувофиқи меъёрҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои ронандае, ки бо гуноҳи ӯ бар асари садамаи нақлиёт ду ё зиёда аз он касон ҳалок мешаванд, аз панҷ то даҳ сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Шахсе, ки амалро содир кардаасту шаҳодатномаи ронандагӣ надорад, ба ҷазои аз 10 то 15 соли зиндон маҳкум мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Главные инвесторы Таджикистана в 2024 году
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 февраля 2025 года
Корейское SPA для волос: секрет популярности и лучшие места в Душанбе
Reuters: США пригрозили закрыть Украине доступ к Starlink
Таджикский велогонщик выиграл две медали на чемпионате Азии-2025
Таджикистанка прошла в финал международной премии Women Changing the World Awards
В армии Узбекистана появится подразделение по борьбе с дронами и кибервойска
Депортированных из США граждан Центральной Азии отправили в Коста-Рику
Душанбинский гарнизон показал свою мощь президенту
Куда Таджикистан хотел летать и куда летает на самом деле?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста