Наҷотдиҳандагони тоҷик рӯзи 6 январ ҷасади полковники мустаъфии бригадаи ҷудогонаи фаврии ВКД Тоҷикистон Саъдӣ Холмуродовро дарёфтанд, ки бештар ҳамчун “Саъдӣ-командир” маъруф асту санаи 15 декабр дар дарёи Вахш, наздикии обанбори нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ғарқ шуда буд.
“Наҷотдиҳандагони хадамоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Норак ҷасади ӯро якуним километр пойинтар аз ҷойи ғарқшавиаш дарёфт намуда, ба ихтиёри пайвандону наздиконаш супурданд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.
Тибқи фарзияҳои пешакӣ, ин ҳодиса бар асари беэҳтиётии худи Саъдӣ Холмуродов рух дода, аз рӯи ин далел мақомоти прокуратура ва милитсияи шаҳри Норак тафтишот ба роҳ мондаанд.
Саъдӣ Холмуродов, полковники бознишаста бештар бо номи “Саъдӣ-командир” маъруф буда, замоне муовини генерали марҳум Суҳроб Қосимов буд.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.
«Вырастешь и будешь дворником или уборщицей». Как усадить ребенка за уроки?
В результате аварии в Аште погибли три человека
Казахстанский монетный двор представил Нацбанку Таджикистана новые технологические возможности
Афиша от «Азия-Плюс»: One Run, «Бахчисарайский фонтан» и «Салом, Тобистон»
Срок содержания под стражей таджикистанцев, подозреваемых в теракте в «Крокусе», продлен
Почему стоит размещать рекламу на страницах «Азия-Плюс» в социальных сетях?
Как не убить соседа, что мешает спать? Что такое шумовая агрессия и как с ней бороться
В Канибадаме прошёл «Business Forum G5»
В Таджикистан приедет глава МИД Китая
Как таджикистанцу оставаться на связи с семьей даже в другой стране
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста