Дар ноҳияи Кронштадти шаҳри Санкт-Петербург 4 нафар муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ба чоҳ (шахта)-и лифт афтода, қабурғаҳояшон шикаст ва аз сутунмуҳра ҷароҳат бардоштанд, лекин мустақилона пои пиёда барои кумаки тиббӣ шитофтаанд, хабар медиҳад «Фонтанка.ру».
Бино ба маълумоти нашрия, ду тан аз онҳо бо қабурғаҳои шикаста, осеби устухони рон ва сутунмуҳра, ҳамчунин ҳолати сахти ҳарос аз ҷароҳат дарҳол дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ шуда, як нафари дигар низ бо захми сар ва қабурғаҳои шикаста дар бемористон мондааст. Вазъи нафари чорум начандон вазнин буда, ӯ бистарӣ шуданро рад кардааст.
Гуфта мешавад, муҳоҷирон хабар додаанд, ки ба чоҳи лифт афтодаанд, лекин аз шарҳи ҷузъиёти дигари ҳодиса худдорӣ варзидаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки синнусоли муҳоҷирон аз 31 то 38-соларо ташкил дода, ду нафар бародарон зодаи Ӯзбекистон ва ду нафари дигар аз Тоҷикистон мебошанд. Дар Петербург ба корҳои сохтмон машғул будаанд.
Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Я поступил в университеты США, Катара и Турции». Кто такой Абдурахим Сангинов и как он стал «Учеником года-2023» в Душанбе?
В Душанбе запустили мобильный пункт приема обращений граждан
Памятка для туристов: Простые советы для тех, кто собирается посетить Узбекистан
В Душанбе открыли предприятие по производству атласа и адраса
В китайской армии создадут Силы информационной поддержки
Дом дехканина, цирк и кинотеатр «Большой»: 10 зданий, с которых начался Душанбе
«Душанбе – дом нашей надежды» Рустам Эмомали поздравил душанбинцев с Днем города
Первые места в Душанбинском полумарафоне заняли представители Украины и Узбекистана
Ереван и Баку впервые достигли соглашения о делимитации участка границы
Песни о солнечном Душанбе. Сегодня столица Таджикистана отмечает свой день
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста