Дар маркази шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск)-и вилояти Суғд духтари наврасе зери чархи тепловоз монд.
Ин ҳодисаи фоҷеабор нимаи дуюми рӯзи 28 август рух дода, ба қавли шоҳидон, бо вуҷуди хеле наздик омадани тепловоз, духтари 13-сола кӯшиш кардааст, ки илоҷе карда роҳи оҳанро гузарад.
“Духтари наврас хеле шитоб дошт, лекин чунин ба назар расид, ки пойафзолаш байни релсҳо дармонд. Ронанда (мошинист)-и теловоз низ талош кард, ки онро боздорад, лекин аздусар ба он расида гузашт ва ӯро ба масофаи чандин метр бо худ кашола карда бурд”, - гуфтанд шоҳидон.
Айни замон духтари наврас дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳрии Бӯстон бистарӣ аст. “Қисмати чапи баданаш осеб дидааст. Вазъи солимиаш вазнин арзёбӣ мешавад”, - хабар доданд дар бемористон.
Дар робита ба ин ҳодиса мақомоти прокуратураи маҳаллӣ тафтиш мегузаронад.
Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.