Ронандаи автомашинаи тамғаи OPEL Vectra зан ва фарзанди ӯро дар роҳи мошингарди Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ пахш кард.
Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодисаи садамаи нақлиёт нимаи дуюми рӯзи 11-уми сентябр рух додааст.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи OPEL Vectra Гургилло Тоиров, сокини шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Ойгул Буттеваи 36-сола ва писари 6-солаи ӯ Анис Мӯсоевро пахш мекунад, ки дар натиҷа аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта Анис дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД.
Гуфта мешавад, зан бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуда, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.