Дар яке аз боғҳои шаҳри Кӯлоб марде аз ғояти рашк ба ҳамсари худ бо корд ҳамла кардааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, сокини 35-солаи маҳаллӣ ҳангоми дар гулгашти боғи навбунёди ба номи С.Вализода қарор доштанаш, аз сабаби рашк ба ҳамсари 27-солаи худ бо қасди куштани ӯ 11 маротиба бо корд зарба мезанад. Бар асари ин ҳамла ҷавонзан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Гуфта мешавад, нисбат ба ин мард бо моддаҳои 32 қисми 3 (Суиқасди ҷиноят) ва 104 қисми 1 (Одамкушӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.