Дар ҷараёни сӯхтори субҳи 2-юми март дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст ва фавти одамон низ бақайд гирифта нашудаст.
Бино ба иттилои ВКД, ҳодисаи мазкур соати 06:38 дақиқа дар ин донишгоҳ, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев 63/3-и шаҳри Душанбе ба амал омад.
Ҳангоми ҳозир шудани оташнишонон дар масоҳати 630 метри мураббаъ дохил ва болопӯши бинои китобхонаи донишгоҳро алангаи кушод ва дуди ғализ фаро гирифта, хавфи паҳн шуданаш ба қисматҳои дигари бино ва биноҳои таълимии шафати он ба миён омада буд.
Бо чораҳои фаврӣ молу ашёи қимматнок, компютеру дигар таҷҳизоти муосир ва китобҳои илмию бадеӣ, ки шумораашон зиёда 70 ҳазор ададро ташкил мекард, аз нобудшавӣ дар коми оташ наҷот дода шуданд.
Ба ҷойи ҳодиса 16 адад нақлиёти махсуси оташнишонӣ ва 115 нафар ҳайати роҳбарикунандаву шахсии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва РХДО-и шаҳри Душанбе, инчунин хадамоти ҳамоҳангсозӣ сафарбар шуданд.
Дар натиҷаи амалиёти фаврии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД сӯхтор дар кӯтоҳтарин фурсат хомӯш карда шуд.
Таҳқиқи ҳодиса аз тарафи мутахассисони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 мая 2024 года
Пять мест для весеннего пикника в Душанбе и около столицы
"Эй, джони ман". Как Полад Бюльбюль-оглы и Орифшо Орифов дали концерт в Таджикистане
В какие университеты Китая могут поступить граждане Таджикистана?
Кто, как и чем помогает таджикистанцам в России?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 мая 2024 года
«Россия», «Виктория», «Альбион»: Какую клубнику стали выращивать в Таджикистане и почему ее можно есть без опасений?
Саидджафар Усмонзода покинул пост главы Демократической партии Таджикистана
Путин утвердил структуру нового правительства. В нем нет поста вице-премьера
Как коллекционер из Худжанда сумел сохранить наследие предков
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста