Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд баъд аз зуҳри 17-уми март садамаи маргбори нақлиёт ба амал омад, ки дар натиҷаи он 6 нафар ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои КҲФ, дар мавзеи деҳаи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон, воқеъ дар километри 191 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд сабукрави тамғаи “Опел-Зефира”, рақами давлатияаш 18-23 СВ 01, ки аз ҷониби сокини 45-солаи шаҳри Душанбе Мамадризо Иброҳимов идора мешуд, ба автомашинаи боркаши “Дулан”, рақами давлатияш 34-00 ВК 03, ки ронандаи он Меҳрубон Бозоров, соли таввалудаш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, деҳаи Гулистон буд, бармехӯрад.
Дар натиҷаи садама ронандаи сабукрави тамғаи “Опел-Зефира” ва 5 нафар мусофиронаш: Икромҷон Раҳимов, соли таввалудаш 1978, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара; Абдуғафур Эргашев, соли таввалудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов; Маҳмадсаид Файзиев, соли таввалудаш 1978, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат; Гулсуной Сайфуллоева, соли таввалудаш 1976, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Фаррух Назаров, соли таввалудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар ҷойи ҳодиса фавтиданд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин садамаро мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.