Пас аз гармиҳо ва ғарқи гулу мева шудани баъзе дарахтон, имрӯз, 8-уми апрел дар шаҳру деҳоти Панҷакент ҳаво якбора сард шуда, бегоҳ боридани барф шурӯъ гардид.
Бориши барфи ногаҳонӣ деҳқонону сокинони Панҷакентро нигарон ва аз меваи имсола ноумед кард. Зеро ба гуфтаи бошандагони ин шаҳр, бисёри дарахтон аз қабили себу гелос, шафтолуву олуболу ва ноку олуча гул карда, дар айёми шукуфоӣ буданд. Дар макони офтобрӯя дарахтони зардолу ғӯра карданд.
Ғайбулло, як деҳқон аз Панҷакент мегӯяд: “Сардии ногаҳонӣ ва боришоти барф имсол моро аз мева маҳрум мекунад. Дарахтон хеле зебо гул карда буданд ва эҳтимол дошт, ки меваи фаровон диҳанд. Аммо дигар умедамон канда шуд. Чунки ҳоло ҳарорат аллакай ба 0 дараҷа расида, шаб хоҳу нохоҳ аз ин ҳам пасттар мешавад”.
Аллакай қисмате аз кишти барвақтии деҳқонони Панҷакент – сабзавоту кабудиҳо дар нашъунамо буд. Кишоварзон тарс аз он доранд, ки маҳсули заҳматашон барбод меравад.
Аслиддин, як деҳқони дигар аз ин шаҳр гуфт: “Сабзӣ, картошка, кабудӣ, бодиринги коридаам баромаданд. Дар интернет ҳавои сарди то -2-3 дараҷа пешгӯйӣ шудааст ва ба эҳтимоли зиёд ниҳолҳоро хунук мезанад. Чандин сол чунин ҳолатро надида будем”.
Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар чанд рӯз қабл якбора сард шудани ҳаворо дар Тоҷикистон пешгӯйӣ карда буд.
Бино ба иттилои Оҷонсӣ, рӯзҳои 8-ум ва 9-уми апрел дар баландиҳои зиёда аз 800 метр аз сатҳи баҳр барф борида, эҳтимоли омадани сел ҳам дар бархе минтақаҳо дар назар аст.
Дар робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ҳушдор дода буд, ки боришот ба баландшавии сатҳи оби дарёҳо оварда мерасонад. Он ҳам дар навбати худ ба омадани сел дар водиҳо, заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо ва манзилҳои истиқоматӣ сабаб шуда метавонад.
Панҷакент яке аз минтақаҳои осебпазир ва хавфноки омадани сел дар Тоҷикистон буда, қариб ҳамасола аз офатҳои табиӣ хисорот мебинад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таджикистан подписал соглашений на $812 млн для достройки Рогунской ГЭС
Как Таджикистан теряет наследие Великого Шелкового пути
В коррупции в Минобороны Таджикистана обвинены еще 26 госслужащих
Судья в США обязал администрацию Трампа возобновить программы внешней помощи
5 самых новых и дорогих автомобилей 2024 года: роскошь, мощь и инновации
В Самарканде в апреле пройдет первый саммит Европейский союз — Центральная Азия
Более 30 человек осуждены по обвинению в попытке теракта накануне Навруза-2024 в Вахдате
Вице-президент США пригрозил отправить американских военных в Украину в случае провала переговоров с Москвой
Госдолг Таджикистана снизился до уровня 15-летней давности
Госбюджет Таджикистана в 2024 году лишился 27% внутренних налогов из-за льгот
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста