Рӯзҳои наздик дар кишвар вазъи ҳаво ноустувор шуда, эҳтимоли бориши барф дар баландиҳои зиёда аз 800 метр аз сатҳи баҳр вуҷуд дорад.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, рӯзҳои 8-9 апрел дар ҷумҳурӣ якбора ноустувор шудани вазъи обуҳаво дар назар аст.
“Боришот дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, 7-8 апрел раъду барқ ба амал меояд. Рўзи 9-уми апрел дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ дар баландии зиёда аз 1000 метр, дар вилояти Суғд дар баландии зиёда аз 800 метр аз сатҳи баҳр эҳтимоли гузаштани борон ба барфи тар пешгӯйӣ мешавад”, - хабар додааст Агентӣ.
Дар вилоятҳои Суғду Хатлон рӯзҳои 8-9-уми апрел ҳаво дар водиҳо то 8-10 дараҷа поин мефарояд. Дар ин рӯзҳо ба истиснои ВМКБ вазиши шамол бо шиддатнокии то 17-22 м/с дар назар аст.
Рӯзҳои 8-9 апрел дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии НТМ (Варзоб, Сангвор, Рашт, Нуробод, Файзобод), вилояти Хатлон (Восеъ, Хуросон, Кӯлоб, Ховалинг, Муминобод, Ш.Шоҳин) ва доманакӯҳҳои вилояти Суғд (Истаравшан, Панҷакент) эҳтимоли ба вуҷуд омадани сел пешгӯйӣ мешавад. Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда – Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ), Обихингоб, шохобҳои канории дарёи Вахш эҳтимоли якбора баландшавии сатҳи об пешгӯйӣ мешавад.
Дар робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ҳушдор медиҳад, ки боришот ба баландшавии сатҳи оби дарёҳо оварда мерасонад. Он ҳам дар навбати худ ба омадани сел дар водиҳо, заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо ва манзилҳои истиқоматӣ сабаб шуда метавонад.
Кумита аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҷӯйборҳову каналҳои назди биноҳои истиқоматии худро аз ҳар гуна хасрӯба, партовҳо ва лойқа тоза кунанд, то оби боронҳои шадид бе мамониат ба маҷрои худ ҷорӣ шуда, ба хонаву ҳавлӣ ва заминҳои мардум зарар нарасонад.
Кумита ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз баромадан ба шикор, моҳидорӣ, роҳандозии корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, чорводорӣ худдорӣ кунанд.
Кумита аз волидайн хоҳиш кардааст, ки ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш кӯдаконро беназорат нагузоранд.
Барои пешгирии садамаҳо дар шоҳроҳҳо, алалхусус, ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ронандагон риояи тамоми қоидаҳои ҳаракатро дархост кардааст.
Дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои нохуш ҳар як шаҳрванд метавонад ба рақами ягона 112 ё қисми навбатдории Кумита бо рақами 93 880 28 19, 223 13 11 занг занад. Рақамҳои дигар дар пойтахт ва минтақаҳо:
Раёсати КҲФ дар ш.Душанбе
225-44-73, 225-44-76, 225-44-90
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон
(83222) 2-35-05, 2-78-28
Раёсати КҲФ дар ВМКБ
(83522) 2-40-57, 2-53-47
Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд
(83422) 6-58-72, 5-15-5
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.