Рӯзи 7 ноябр дар як манзили хусусие дар ҳавзаи шаҳрии Солнечногорски вилояти Маскав 2 зан кушта ва як кӯдак захмӣ шуд. Тибқи маълумоти тафтишот, кушташудагон модару духтар мебошанд. Ҷасадҳои онҳо бо осори захмҳои бурандаву шикаста дарёфт шуданд. Духтарчаи 6-сола аз гардан ва қафаси синааш захм бардошта, дар бемористон қарор дорад, хабар медиҳад "Московский комсомолец".
Тибқи маълумоти пешакӣ, ба даст доштан дар ин ҷиноят зодаи Тоҷикистон Ҷасурҷон Усмонов, ки дар хонаи мазкур ба таъмир машғул буд, гумонбар дониста мешавад.
Яке аз занони кушташуда Виктория Борковская, омӯзгори Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В.Плеханов мебошад.
Ба духтарчаи захми вазнин бардошта муяссар мешавад, ки аз телефони модараш ба дӯсти оила занг зада, дар бораи ин ҳодиса хабар диҳад. Дӯсти модараш дарҳол ба пулис ва ёрии таъҷилии тиббӣ занг зада, вале то расидани онҳо, 2 зани калонсол ба ҳалокат мерасанд.
Сабаби асосии куштор нофаҳмӣ байни коргар ва соҳибмулкон унвон мешавад.Ҷасур ба сохтмони ошёнаи сеюми хона машғул буда, баъзан шабона дар ҳамин ҷо мемондааст.
Тибқи маълумоти фаврӣ, ҳамон рӯз соҳибони хона бояд пули кори Усмоновро пардохт мекарданд. Шояд маҳз дар ҳамин замина нофаҳмӣ ба вуҷуд омада, мард занонро кушта, духтарчаро захмӣ кардааст. Виктория Боркоскаяро ӯ дар меҳмонхонаи манзил ва модари ӯро дар ошхона куштааст. Духтарчаро низ захмӣ мекунад. Сипас тамоми чизҳои арзишманди хонаро гирифта, аз он ҷо меравад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Усмоновро мавриди ҷустуҷӯ эълон кардаанд.
Муайян карда шудааст, ки Усмонов қаблан барои ғоратгарӣ маҳкум шуааст. Робитаҳои имконпазирии хешутабории ҷинояткор таҳқиқ мешаванд. Ӯ пештар ба дӯстонаш гуфта будааст, ки пас аз пардохти пули кораш дар ин хона ният дорад, ки ба Тоҷикистон баргардад.
Тақдири минбаъдаи духтарчаи 6-сола дар сурати зинда монданаш алҳол номаълум аст. Пас аз шиддати бемории дил шавҳари бибии духтарча дар бемористон бистарӣ аст. Бино ба маълумоти пешакӣ, падари духтарча дар хориҷи кишвар қарор дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.